Терроризм - хатар ба амнияти кишвар

Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI  инсоният ба хатари ҷидди ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба амнияти инсоният таъсири манфии худро расонида истодааст.

Дар замони имрӯза баробари рушд ва инкишоф ёфтани техника ва технологияҳои нав, намудҳои нави терроризм, аз ҷумла, кибертерроризм ба вуҷуд омаданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ором гузошта наметавонад. Имрӯзҳо хамагон хуб огоҳ хастем, ки хоинони миллат тариқи шабакаҳои интернетӣ фаъолияти нопоки худро давом дода истодааст.

Имрӯзҳо ифротгароӣ ва терроризм тамоми кишварҳои дунёро фаро гирифта, террористон амалҳои нопоки худро зери ниқоби дини мубини Ислом содир карда истодаанд. Ҳамагон аз сайтҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо хуб огоҳӣ меёбанд, ки дар шароити имрӯза созмонҳои ғайриқонунӣ, гурӯҳҳои моҷароҷӯ ва шахсони рӯҳияи террористидошта кӯшиш мекунанд, асосан мафкураи  ҷавононро вайрон намуда, ба гурӯҳҳои худ шомил намоянд. Аксарият шахсоне, ки ба  гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ шомил мешаванд, ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротиён бовар мекунанд, баъзе шахсон дар шабакаҳои интернетӣ дониставу надониста ворид шуда, оқибат роҳгум задани худро надониста мемонанд. Экстремистон ва террористон кӯшиш менамояд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро, ки ҷавонон зудбоваранд ва ба осонӣ пайравӣ менамоянд.

Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм қонунҳои зиёде қабул гардидаанд. Кишвари мо ҳамчун узви созмонҳои байналмилалӣ барои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад ва барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб тамоми тадбирҳоро меандешад.

Барои мубориза аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ вобаста ба пешгирии чунин амалҳои нопок  тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд. Барои он, ки мардуми  мо, хусусан, ҷавонон маърифати созандаву бунёдкорона дошта бошанд, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди соҳибватану ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам дода, дар ҳамҷоягӣ онҳоро аз гумроҳӣ ба роҳи рост баргардонем, то ки ҷавонон, ки нерӯи созандаи кишвар мебошанд, баҳри пешравии диёр саҳм гузоранд.

Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини худ ҳидоят кунем, аз ҳама воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем.

Мо, омӯзгорон бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, бахусус, пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгулшукуфоии Ватани маҳбубамон равона намоем.

Абдусалом АЛИБОЕВ,
ноҳияи Шаҳристон

Add comment


Security code
Refresh