Хиёнат ба Ватан баробари хиёнат ба модар аст

Ватан-муқаддастарин дороии ҳар як шахс ва бани башар аст. Хуш ба ҳоли онҳое, ки соҳибватан мебошанд ва онро бо ҳама буду набудаш чун модар азиз ва гиромӣ медоранд. Бино ба қавли маъруф “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Пас нафаре, ки ба Ватан аз таҳи дил хизмат мекунад ва обу хоки онро азиз медорад, ҳикмати мазкурро адо мекунад. Лозим ба зикр аст, ки дар баробари ашхоси зиёди ватандӯсту ватанпарвар, мутаассифона дар ҳар давру замон афроде ба назар мерасанд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо намерасанд ва бар ивази хизмат ба Ватан ба он хиёнат мекунанд. Он нафаре, ки эҳтироми Ватан, давлат, забон, миллат ва муқаддасоти дигари кишвар намекунад, бешак наметавонад эҳтироми азизони худ- падар, модар, ҳамсару фарзандони худ ба ҷо орад. Шоҳиди ин калом филми “Хиёнат” аст, ки ҳар як бинандаи он- пиру барно нисбат ба хоинони Ватан- саркардагону аъзоёни ТТЭ ҲНИ нафрат пайдо мекунад.

Бешак, озодӣ, истиқлолият, сулҳу ваҳдат беҳтарин неъмат аст. Мардуми тоҷик ба қадри ин неъматҳои бебаҳо баъд аз воқеаҳои хунину даҳшатбори солҳои навадум бештар расид. Аз филми “Хиёнат” равшан мешавад, ки воқеаҳои пур аз даҳшату ваҳшонияти ибтидои солҳои навадум низ сохта ва амали хоинону душманони ин миллат будааст. Зарари моддиву маънавие, ки дар ин даврон мардуми кишвар дид, беҳисоб аст.

Гуруҳе аз хоинон ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз ин ҳама зиёну харобӣ ва кушторҳо панд нагирифтанд ва то ба имрӯз берун аз кишвар мехоҳанд, амну осудагии кишварро халалдор созанд. Пас аз тамошои ин филм кас дар таҳайюр мешавад ва мегуяд, ки наход одамӣ то ин дараҷа нисбати Ватан, бузургони миллат ва ҳамзабонони худ хиёнатро раво бинад. Барои пулу моли андак ба обу хок, хонавода, азизону пайвандони худ хиёнат намояд ва берун аз Ватан бар зидди Ватан ва ҳамватанони худ душманӣ кунад. Маҳз ҳамин амалҳои нопоки хоинони миллат боис шуд, ки наздиктарин шахсон ва пайвандони онҳо аз онҳо рӯй тофтанд ва номи онҳоро на чун пайванду хеш, балки душману хоини миллату Ватан ва давлати соҳибистиқлол ба забон мегиранд.

Филми “Хиёнат” тавонистааст, бо далелҳои раднопазир чеҳраи аслии хоинон ва душманони миллатро ба намоиш гузорад ва ҳар фарди ватандӯсту ватанпарварро аз амалҳои нопок ва кушторҳои бераҳмонаи онҳо ошно созад.

Мо ҷавонон ин амали ноҷавонмардона ва кушторҳои бераҳмонаи хоинони миллатро дида, бори дигар нисбаташон нафрат пайдо кардем ва ба он боварем, ки на танҳо имрӯзиён, балки таърих ва фардоиён низ онҳоро чун хоин ва хиёнаткор ном хоҳанд бурд. Хоини Ватан мисоли хоини модар ва азизони худ аст.

Шамил Назарзода

Add comment


Security code
Refresh