Терроризм ва экстремизми динӣ –падидаи номатлуб

Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мо, сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиямонро эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Барои абарқудратҳо фарқ надорад, ки дар кишвари мо чӣ гуна низом барқарор мешавад. Барои онҳо муҳим он аст, ки моро аз решаҳои таърихӣ, илмиву фарҳангии хеш дур намоянд.  Дар ин шароити имрӯза ҳифз ва пешбурди манфиати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи худи ҳар як миллат аст. Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст».

Терроризм ва экстремизм дар шароити кунуни ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Омӯзиши ин падидаҳои номатлуб корҳои зиёди илмии таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон баррасӣ карда шудааст ва проблемаи мазкур онро тақозо мекунад, ки ин самт бояд ба таври васеъ ва ҳаматарафа омӯхта шуда, сабабу омилҳо ва чораҳои пешгирикунандаи терроризм ва экстремизм муайян карда шавад. Зеро, ки ин зуҳурот намуди ҷинояти махсусан вазнин буда, имрӯзҳо ҷаҳониёнро ба ташвиш андохтааст. Терроризм – ин амале мебошад, ки аз ҷониби шахси алоҳида, ташкилот ва ё гурӯҳи одамон, барои ба ҳадафҳояшон расидан равона карда мешаванд.  Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб карда, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст, ки барои амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ воқеан таҳдид мекунад.

Дар гӯшаю канори ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Тибқи маълумоти коршиносони муътамад дар ҷаҳон тақрибан 500 созмонҳои террористии пинҳонкор амал мекунанд. Хамасола дар асари терроризм дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллари амрикоӣ сарф мегардад. Вақтҳои охир раванди ба ҳам пайвастани терроризм бо шаклҳои мухталифи ҷиноятҳои фаромиллӣ – гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа, хариду фурӯши одамон, зархаридӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба назар мерасад. Дар ин радиф хатарноктарин навъи дигари ҷиноят қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки тибқи маълумоти сершумор яке аз манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин намудани амалиётҳои террористӣ гаштааст.

Муборизаи қотеъ бар зидди ин падида мисли терроризм иқдомоти дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад ва ба таҳияву татбиқи консепсияи ягонаи мубориза алайҳи он ниёз дорад. Возеҳ аст, ки терроризми муосир, ки хислати оммавӣ ва фаромиллӣ касб кардааст, зимни равандҳои ҷаҳонишавӣ имконпазир гардид. Як қатор омилҳои айние вуҷуд доранд, ки бо ин равандҳо иртиботи ногусастанӣ дошта, ба сурат ва сирати амалиёти терроризми муосир таъсир мегузоранд.

Аскар Раҳимов,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh