Амалҳои муғризона бебунёданд

Чун филми «Хиёнат»-ро тамошо намудам, дар вуҷуди банда ҳисси нафрат ба онҳое, ки Ватан, Модар ва миллату забони худро қурбони нафси  худ намудаанд, пайдо шуд.

Дини исломро, ки мо, пайраву мӯътақиди он ҳастем, ба манфиати мақсадҳои нопоку ғаразноки худ ба кор бурда, ба номи он дини пок низ иснод овардаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан сокинони шарафманди кишвар огоҳанд, ки тавассути заҳмату фидокорӣ ва ҷонфидоиву ҷонсупории Ҳукумати Тоҷикистон дар кишвар  ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфта, кишвари мо рӯз ба рӯз ва ҳатто соат ба соат гулбасару гулбабар гардида истодааст, вале чанд нафар душманони миллат, ки пайраву фирефтаи ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ гардидаанд, ин ободиву созандагии кишварро чашми дидан надоранд ва ҳар лаҳза мехоҳанд, ки бо ҳар роҳу восита осоиштагии кишварро халалдор созанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо бо бартарафсозии бемории сироятии КОВИД - 19 рӯбарӯ гардида, тамоми қувва ва нерӯи ақлонии худро барои раҳоии банӣ башар аз ин вабои аср равона сохтаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ истисно нест. Чунончи бо истифодаи ҳамаи чораву тадбирҳо, аз ҷумла ҷудосозии маблағҳои иловагӣ ба соҳаи тандурустӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи аввалияи тиббӣ, зиёднамоии кати хоб барои беморони гирифтори ин беморӣ (ҳатто бо истифодаи хобгоҳҳои донишҷӯён) тамоми чораву андешаҳои судманд меандешад, вале хоинони миллат аз кишвари дури бегона истода, аз рӯзгори имрӯзаи мо камбудӣ мекобанд.:

Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Як лаҳзаи бисёр мутаассиркунанда аз филми мазкур марги модари раҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аст, ки ҳатто  дар лаҳзаҳои охири ҳаёт фарзанди нохалаф бо баҳонаи иштирок дар ҳамоиши номаълуме модарро дар ҳоли назъи ҷон гузошт.

Фирдавсӣ хуб фармуда:

Зи нопокзода мадоред умед,

Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

Эй душманони миллату давлат, огоҳ бошед, ки тоҷикон, махсусан насли ҷавон он мардуми гумроҳу нодони солҳои 90-уми асри ХХ нестанд, ки бозичаи дасти чанд тан ватанфурӯшу мансабу чоҳпараст бошанд ва боз ба ҷаҳли мураккаб ғӯта зананд.

Ҳазратқулов Раҳмоналӣ,
устоди ДДХ

Add comment


Security code
Refresh