Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ, дар маъракаи наврӯзӣ иштирок ва аз намоиши чорвои калони зотию шутурмурғ дар Истаравшан боздид намуданд

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан коргоҳи истеҳсоли бозичаҳои бачагонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл”-ро ба истифода дода, бо имконияти корхонаи нави саноатӣ шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мансур Умаров бунёд гардида, ба истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона машғул мебошад. Дар маҷмӯъ дар корхона 25 номгӯй маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, ифтитоҳи он имконият медиҳад, ки воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон коҳиш дода шавад.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар корхонаи “Адл” 70 нафар сокини маҳаллӣ, асосан бонувон, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Дар марҳилаи дуюм ин нишондиҳанда ба 180 нафар расонида мешавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” имконият дорад, ки дар як сол ба маблағи 12 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба фурӯш барорад.

Тавре маълум гардид, айни замон дар корхона 6 навъи мошинча барои бозии кӯдакон, 2 намуд фойтунча, 7 навъи гаҳвора ва 10 намуд сечархаи кӯдакона истеҳсол шуда, дар оянда ҳаҷм ва номгӯйи маҳсулот афзоиш дода мешавад. Аз ҷумла, масъулин нақша доранд, ки истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои нисбатан калонҳаҷмро дар ҳудуди корхона ба роҳ монанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми навъи аъло истеҳсол гардида, ба саломатии кӯдакон безарар мебошад.

Маҳсулоти ниҳоии омодагардида дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ҳамзамон чун маҳсулоти содиротӣ ба бозорҳои ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон бароварда мешавад.

Гуфта шуд, ки дар марҳилаи дуюм инчунин истеҳсоли асбобҳои хурди барқӣ, ки талабот ба онҳо хеле зиёд аст, роҳандозӣ карда мешавад.

Дар корхонаи истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ насб гардидаанд, ки имконият медиҳад маҳсулот бо сифати баланд истеҳсол карда шавад.

Бояд зикр кард, ки соли 2020 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 174,6 ҳазор доллари ИМА дучарха ба миқдори 142 тонна ё 10 ҳазору 139 дона содирот ва ба маблағи 639,5 ҳазор доллари ИМА ба миқдори 551,7 тонна, ё 39 ҳазору 406 дона дучарха ворид карда шудааст, яъне ифтитоҳи чунин корхонаҳо воридоти маҳсулотро ба кишвар коҳиш дода, содироти онро зиёд менамоянд.

Пас аз ифтитоҳи корхонаи нави саноатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар базми наврӯзии сокинони деҳаи “Ҷарқӯрғон”-и деҳоти Зарҳалол иштирок намуда, бо маҳсули дастранҷи аҳли заҳмат аз наздик ошно гардиданд.

Дар наврӯзгоҳ сокинони деҳоти мазкур ва дигар деҳаҳои шаҳри Истаравшан дастурхони идона ороста, намунаи ҳунарҳои миллиро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, бо ташкили хони ҳафтсин ва ҳафтшин иштирокчиён яке аз оинҳои қадимии ҷашни Наврӯзро инъикос намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби бонувони соҳибзавқи шаҳри Истаравшан суманак, навъҳои гуногуни нон, кулчақандҳо ва дигар анвои хӯрданӣ манзури иштирокчиён карда шуд.

Навъҳои гуногуни оши палав низ дар чорабинии мазкур ба намоиш гузошта шуда буд, ки ҳар кадоми он бо шаклу услуби хоса ва маҳорати баланд омода гардида, дорои тамъу лаззати махсус буданд.

Ҳунармандони маҳаллӣ санъати баланди оҳангарӣ ва чӯбтароширо муаррифӣ намуда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимияшон нисбат ба рушди ҳунарҳои миллӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Аз ҷумла, вобаста ба имтиёзҳое, ки дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармандон дода шудааст, аҳли ҳунари шаҳри Истаравшан ба Пешвои миллат изҳори сипос намуда, ин тасмимро омили асосии рушди ҳунарҳои миллӣ дар мамлакат арзёбӣ намуданд.

Дар базмгоҳи наврӯзӣ ҳамчунин навъҳои гуногуни меваҳои хуштамъ, ки самараи ҳосили боғҳои ҳудуди шаҳри Истаравшан мебошанд, ба намоиш гузошта шуд. Аҳли заҳмат аз рушди боғу токпарварӣ ва афзоиши содироти он ба дигар давлатҳо иттилоъ доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи ҷаҳониро ба иштирокчиёни базмгоҳи идона таҳният гуфта, ба онҳо маслиҳат доданд, ки ҳунару суннатҳои ниёгонро ба насли наврасу ҷавон ҳамаҷониба омӯзонанд.

Сипас Сарвари давлат дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Адл” аз намоиши чорвои калони зотӣ ва шутурмурғ дидан намуданд.

Иброз гардид, ки ҷамъияти мазкур фаъолияти чорвопарвариро ба тозагӣ роҳандозӣ намуда, асосан чорвои калони зотии барои истеҳсоли гӯшт пешбинишуда нигоҳубин менамояд. Айни замон дар хоҷагӣ 50 сар чорвои калони зотӣ парвариш меёбанд. Гӯшти хушсифате, ки дар хоҷагӣ истеҳсол мегардад, дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, ба фаровонии маҳсулот ва танзими нарху наво дар бозорҳо мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми чанд соли охир соҳаи чорвопарварӣ дар шаҳри Истаравшан рушд карда, ҳамасола саршумори чорвои хурду калон дар хоҷагиҳо афзоиш меёбад. Аз ҷумла, дар доираи тадбиқи Барномаи рушди соҳаи чорвопарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022, дар шаҳри Истаравшан саршумори чорвои хурд ба 105648 сар расида, саршумори чорвои калон 55439 сарро ташкил медиҳад.

Тавре маълум гашт, масъулини хоҷагии мазкур ҳадаф доранд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат фермаи нави чорвопарварӣ бунёд намуда, саршумори чорвову истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.

Ҳамзамон хоҷагӣ парвариши шутурмурғро ба роҳ монда, айни замон саршумораи он дар хоҷагӣ ба 100 сар баробар аст.

Парвариши ин навъи мурғ аз лиҳози даромаднокӣ манфиатовар буда, ҳар кадоми он метавонад аз 80 то 100 килограмм гӯшти парҳезӣ диҳад. Аз ин рӯ, марҳила ба марҳила дар ҷамъияти мазкур парвариши шутурмурғ зиёд карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои рушду парвариши дурусти чорвои калон ва шутурмурғ маслиҳатҳои муфид дода, дастур доданд, ки ҳамасола саршумори чорво ва истеҳсоли гӯштро афзоиш диҳанд.

 

Add comment


Security code
Refresh