ҒАРАЗҲОИ ШАХСӢ Ё ИСТИФОДАИ ШАХСОНИ СОХТА!

Тавре огаҳ ҳастем дар ҳама шаҳру навоҳии вилоят ҳафтае як маротиба аз ҷониби роҳбарият рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор мегардад ва аксар муроҷиаткунандагон аз толори маҷлисгоҳ набаромада мушкилоти худро ҳал мекунанд. Баробари ин нафароне, ки шароити иқтисодии оилавиашон паст асту ҳамчун маъюб, камбизоат ва ё нафақахӯр ба рӯйхат гирифта шудаанд, дар мадди назари роҳбарият қарор доранд. 

Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бархе аз бадбинону хоинони кишвар тариқи расонаҳои иҷтимоӣ ғаразҳои нопоки худро бо истифода аз мардуми осоиштаи кишвар амалӣ кардан мехоҳанд. Наворе, ки аз ҷониби Иззат Амон, ки гӯё бо нафақахӯр - сокини шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ суҳбат дошт, гузошта шудааст, шахсро ба андеша водор мекунад. Чаро? Аввалан, ному насаби зан – нафақахӯр дар суҳбат оварда нашудааст, дуввум гӯё бонк барои 200 доллари амрикоӣ хонаи истиқоматиашро азхуд кардааст, ин амал ба воқеият наздикӣ надорад, саввум тӯли чанд рӯз гӯё он зан бурдаи нонеро ба даҳон набурдааст, шубҳаовар мебошад. 

Шукронаи онро дорем, ки имрӯз сокинони Хуҷандшаҳр зиндагии хуберо ба сар доранд, зеро агар нафаре аз аҳли пайвандон ба мушкилӣ дучор омада бошад, ҳатман кӯмаки молию пулӣ мерасонанд. Ҳама аҳлона умр ба сар мебаранду аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва шахсони саховатпеша мунтазам кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Аз навори гузошташуда хулоса кардан мумкин аст, ки ин ҳама баҳри амалӣ кардани ниятҳои ғаразонаи ашхоси дар он дастдошта мебошад. Иззат Амон занеро дар ҳолати рӯҳафтодагӣ дарёфта, аз фурсати муносиб истифода кардааст. Ба назари худи ӯ чунин вонамуд мешавад, ки гӯё ягон амали хуберо анҷом дода бошад, вале он баръакс аст, зеро аз заифии занҳо истифода карда, ӯ ба ҷаҳониён худро ҳамчун шахси ҳангомаҷӯ муаррифӣ кард. Агар нияташ пок ва ба нафаре кӯмак кардан мебуд, ӯ ба ҷойи «манманӣ» ва «худнамоӣ» кардан бе огоҳӣ ва бе навор дасти ёрӣ дароз мекард, ҳавлиашро бармегардонд, бо орд ва дигар маҳсулоти хӯрока таъмин мекард... Ба андешаи банда ин ҳама кори сохта аст.

Бадном намудан ва бадбинии сарзамине, ки нону намакашро хӯрдаву обашро нӯшидааст, чунин рафтор куллан хатост, мебояд ба қадру қиммати сулҳу субот ва тинҷиву осудагии кишвар расид. Набояд ба хотири афкори нодурусту ғарази шахсӣ осудагии сокинонро халалдор сохт. Ҳамагон аз он хуб воқиф ҳастанд, ки имрӯз барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаву дар ҳама соҳаҳо пешравиву ободонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба чашм мерасад.

Гузаштагон ва имрӯзиён ҳамеша талқин мекарданд, ки дар ҳама ҷой нафаре ёфт мешавад, ки ҳамеша аз ҳама чиз норизо буда, ба атрофиёну пешравон бо чашми бад менигаранд ва аз ин ҷо хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳама сарзамин чунин шахси нотавонбину ҷоҳилро дарёфтан мумкин аст.

Муаззамхон ВАЛИЕВА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh