Хиёнат амали нобахшиданист
- Details
- Published on Thursday, 16 January 2025 08:36
Дар ҳошияи мақолаи “ТОҶИК, ТОҶИКИЯТ, КОРОНАВИРУС ВА НАНГУ НОМУС”, ки муаллифонаш Раҳмонзода Азимҷон, Субҳиддин Зиёев ва Фирдавс Мирзоёров ҳастанд дар баҳси шуур ва мафкураи тоҷикиву шинохти аслии тоҷик сухан меравад, мешавад як тафсирномаи душманони миллатро иншо кард.
Нангу ор ва номус ҳамеша миллати тоҷикро сарбаланд ва босаодат нигоҳ доштааст. Зеро миллати сарбаланди тоҷикро нангу номус ва ғурури миллияш аз ҳама мушкилот раҳонидааст ва ҳамеша ҷаҳониён аз ҷасорату мардонагиву далерии фарзонафарзандони тоҷик сухан гуфтаанд, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Лек имрӯз пайдо шудаанд, тоифае, ки худро тоҷик муаррифӣ менамоянду худро тоҷик муаррифӣ кард, аммо кореро анҷом медиҳанд, ки на ба хислат ва на ба амали ин миллат монанд аст. Яъне миллати тоҷик ҳаргиз хоин ва дурӯя набудааст ва ҳаргиз дар рӯзи мотами бародари худ маросими сурур барпо накардааст, имрӯз наҳзатиёни бадбахт ба ҳамин монандро анҷом медиҳанд. Пас ин наҳзатиёни чапаргӯшро чӣ тавр метавон тоҷик гуфт?
Замоне, ки миллат дар даст оташпора дораду бо душмани башарият КОВИД-19 мубориза мебарад ин наҳзатиён ба айшу нишот ва сурур машғуланду мехоҳанд аз ҳисоби миллат пул кор кунанд. Ин модарбахаторафтагон ба ҷойи он ки дар паҳлӯйи миллат бошанд ва мисли дигар сокинони кишвар, ки ҳама барои наҷоти сокинон ҷоннисорӣ мекунанд, имрӯз дар Аврупо маркази хоинӣ ташкил намуда, аз ҳисоби хиёнат бар миллат маблағ ба даст меоранд, ки хеле таассуфовар аст.
Кабирӣ ва атрофиёнаш, ки имрӯз барои ин миллат сарҷамъона хиёнат мекунанд, тамоми ҷаҳон медонад ва ҳатман ин доғи шармандагӣ барои асрҳо ба аҷдодони ин турфаи палид зада шавад. Зеро ҳеҷ инсоне дар чунин рӯзи мушкил дарама бозӣ намекунад ва он ҳам ба хотири ба даст овардани пул. Пас, ин турфаи наҳзатиёнро инсон гуфтан ҳам ҷоиз аст?
Ҳоло ин тоифаи бадкеш худро тоҷик муаррифӣ карда мехоҳанд, ки миллатро ба гумроҳӣ баранд, ки мо ҳаргиз ба ин иҷозат намедиҳем.
Дар интиҳо ба муаллифлони мақолаи мазкур, ки барои шинохт ва возеҳу равшан кушода намудани чеҳраҳои душманони миллат талош кардаанд, миннатдорӣ мекунем.
Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори ДКМТ