Ба таваҷҷӯҳи сокинон!
- Details
- Published on Thursday, 18 May 2017 14:10
Намояндагии Корпоратсияи «Делойтт Консалтинг Оверcис Проҷектс» музоядаро барои хариди мол ва барқарорсозии обанбор ва сохтмони шабакаи обтаъминкунӣ дар деҳаи Хӯҷаҳо, ҷамоати И. Сомонии ноҳияи Деваштич эълон менамояд.
Бо ғолиби музояда шартнома бо нархи муқарраршудаи корҳо баста мешавад.
Барои иштирок дар музояда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
- Дархост барои таҳвили мол ва корҳо;
- Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии корхона;
- Нусхаи шаҳодатномаи РМА;
- Маълумот оид ба тахассуси таҳвилгар;
- Мактуби нозироти андоз оид ба надоштани қарз дар назди буҷет (нусхаи аслӣ);
- Нусхаи иҷазатнома барои иҷро намудани корҳои муҳандисии хатҳои обгузар;
Дар сурати пешниҳод накардани яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дархост барои иштирок дар музояда метавонад қабул карда нашавад.
Ташкилоту корхонаҳои ҳавасманд ҳуҷҷатҳои музояда ва маълумоти иловагиро метавонанд аз суроғаи зерин дастрас намоянд:
кӯч. Ленин, 6A, ҳуҷраи.11
шаҳри Хуҷанд,
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон барои тамос: Тел: -992 98 101 01 00
Иштирокчиён метавонанд ҳуҷҷатҳоро барои пешниҳоди дархостҳо то 23 майи соли 2017, соати 17.00 аз суроғаи дар боло зикр шуда дастрас намоянд.