Таваҷҷӯҳ, озмун!
- Details
- Published on Thursday, 16 February 2017 14:30
Намояндагии Корпоратсияи «Делойт Консалтинг Оверcиз Проҷектс» музоядаро барои хариди мол, гузарондани қубурҳои обтаъминкунӣ ва васл намудани обченкунакҳо дар маҳаллаҳои Чорсу ва Деҳаи Поёни ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров эълон менамояд.
Бо ғолиби музояда шартнома бо нархи муқарраршудаи корҳо баста мешавад.
Барои иштирок дар музояда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
- Дархост барои таҳвили мол ва корҳо;
- Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии корхона;
- Нусхаи шаҳодатномаи РМА;
- Маълумот оид ба тахассуси таҳвилгар;
- Мактуби нозироти андоз оид ба надоштани қарз дар назди буҷет (нусхаи аслӣ);
- Нусхаи иҷозатнома барои иҷро намудани корҳои муҳандисии хатҳои обгузар;
Дар сурати пешниҳод накардани яке аз ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дархост барои иштирок дар музояда метавонад қабул карда нашавад.
Ташкилоту корхонаҳои ҳавасманд ҳуҷҷатҳои музояда ва маълумоти иловагиро метавонанд аз суроғаи зерин дастрас намоянд:
кӯчаи Ленин, 6A, ҳ.11 шаҳри Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон барои тамос: Тел: -992 98 101 01 00
Мӯҳлати охирини гирифтани ҳуҷҷатҳо то соати 17:00, 21 феврали соли 2017
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то соати 17:00, 1 марти соли 2017