Ба таваҷҷўҳи шаҳрвандон!

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

- Сардори Шўъбаи банақшагирӣ, муҳосибот ва молияи Раёсат - маоши мансабӣ 1207,90 сомонӣ  (категорияи сеюм);

- Сардори Шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат - маоши мансабӣ 1207,90 сомонӣ (категорияи сеюм);

- Мутахассиси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен; - маоши мансабӣ 696,80 сомонӣ  (категорияи ҳафтум).

Талаботҳои тахассусӣ барои мансабҳои маъмурии категорияи сеюм:

–  таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда  мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

–  4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

–  дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

–  малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани  ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Талаботҳои тахассусӣ барои мансабҳои маъмурии категорияи ҳафтум:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонанд.

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо 2 дона акси андозааш 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолате, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро давоми 21 рўз аз рўзи нашри  эълон дар бораи гузаронидани озмун пешниҳод намоянд.

Оид ба гирифтани маълумоти иловагӣ метавонед, тариқи сомонаи ecosugd.tj  ё ба суроғаи шаҳри Хучанд, хиёбони Р.Набиев №211 муроҷиат намоед.

Телефонҳо: (3422) 6-03-95, 4-03-59.