Диққат, озмун!

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд

барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон менамояд:

-Муовини сардори Раёсат - сардори шўъбаи таъини нафақа ва кўмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ашт, маоши мансабӣ - 1339,50 сомонӣ;

-Мутахассис оид ба назорати кўмакпулиҳои иҷтимоии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Айнӣ, маоши мансабӣ -546,00 сомонӣ;

-Мутахассиси пешбари шўъбаи таъини нафақа ва кўмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Конибодом, маоши мансабӣ - 696,80 сомонӣ.

Талабот ба довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, малакаи кор бо таҷҳизотҳои иттилоотӣ - замонавӣ ва донистани барномаҳои компютерӣ.

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

Ариза ба унвони сардори Раёсат;

Варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

Тарҷумаи ҳол;

Нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;

Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

Маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;

Нусхаи шиноснома.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: шаҳри Хуҷанд, кўчаи А.Фирдавсӣ 120. Телефон барои тамос: (83422) 4-36-75.

Ҳуҷҷатҳо давоми 21 рўз баъд аз нашри эълон қабул карда мешаванд.