Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд - 2016» баргузор мегардад

Санаҳои 17 ва 18 июн дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи байналмилалии тиҷорат «Суғд - 2016» баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳи расмии Ярмаркаи байналмилалӣ санаи 17 июн оғоз меёбад ва дар назар аст, ки тўли рўз байни доираҳои тиҷоратии кишварҳои иштирокчӣ гуфтушуниду мулоқотҳо сурат гирифта, шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Дар доираи ярмарка дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Анҷумани доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар мавзўи «Рушди соҳаи истеҳсоли маводи озуқа ва трансферти технологияҳои муосир» баргузор мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд