Таровати кӯдакистон аз чӣ муҷаллост?

Бо дастурҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар тамоми кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо маром ҷараён дорад. Солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мардуми сарбаланду меҳнатқарини моро водор сохт, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани бунёдкориву созандагӣ иқдоми наҷибе пеша созанд. Тӯли чанд муддат мо тавонистем оид ба ободониву бунёдкории шаҳру навоҳӣ мавод омода созем.

Ин навбат, ба Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров сафар намудем. Яке аз бандҳои нақшаи кории Ҷамоати мазкур бунёд намудани посбонхонаи замонавӣ дар назди муассисаи томактабии №6 - уми Ҷамоат буд. Ҳини боздид гузорамон ба ин макон афтоду аз корҳои ободониву созандагии ин кӯдакистон дидан намудем. Бояд иттилоъ дод, ки муассиса дар маконе ҷойгир шудааст, ки табиати басо зебо дорад. Баробари ворид шудан ба ин макон касро як ҳиссиёти гуворое фаро мегирад. Саҳни ҳавлӣ тозаю озода, дарахтони ороишию мевадиҳанда ба ин макон боз ҳусну таровате зам менамояд.

Мудири кӯдакистон Дилором Мавлуддинова изҳор намуд, ки кӯдакистон соли 1994 таъсис дода шудаасту то имрӯз дар ин кошона ҳазорҳо нафар фарзандони мардум тарбия гирифтаанд.

Бояд зикр намуд, ки гирду атрофи кӯдакистон гулпӯш карда, дар мавсими имсола 300 бех гул, арча ва дарахтони мевадиҳанда шинонидаанд. Мураббияҳои кӯдакистон кӯшиш менамоянд, ки барои баланд бардоштани тарбияи кӯдакону наврасон, дар вуҷуди онҳо бедор намудани ҳисси дӯстдории табиат, ватанпарастӣ, забономӯзӣ такмили дониши онҳо корҳои зиёде ба сомон расонанд.

- Имсол, - изҳор намуд муаллима, - маҳз бо дастгирии кумитаи падару модарон ва ташкилоти сарпараст сардори ҶДММ «Хишти Хоҷа Ҳасан» хатти ташноб аз таъмир бароварда, 76 метр ҷӯйбор бетонпӯш гардид.

 Корҳои ободкориву созандагӣ дар ин муассисаи тарбиявӣ бомаром ҷараён дорад.

Азбаски тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми гӯшаву канори кишвар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» баргузор шуда истодааст, мо тасмим гирифтем, ки аз китобхонаи Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача дидан намоем. Китобхона дар як утоқи хурди кӯдакистони №132 ҷойгир шудааст. Биное, ки алҳол кӯдакистон ҷойгир аст, пештар ба шуъбаи минтақавии милитсия тааллуқ дошт. Бояд зикр намуд, ки дар ин бино 90 нафар бачагон тарбия мегиранд.

Кӯдакистон пештар дар дохили бинои мактаби таҳсилоти миёнаи №37 ҷойгир буд. Биное, ки имрӯз дар он кӯдакон тарбия мегиранд, тамоман ба талаботи кӯдакистон ҷавобгӯ нест. Он ба хотир мактаби кӯҳнаро меоварад. Мо дар бораи ҷойҳои хобу истироҳати онҳо чизе намегӯем. Дар хонае, ки кӯрпача дошт, бачагон аз ду тараф ҷой гирифта буданд, шояд ҷойи хӯрокхӯрии онҳо бошад. Ин ҳолат ҳар бинандаро ба ҳайрат мегузорад. Зеро дар он шароит тарбия намудани кӯдакон, ки ояндаи ҷомеаи навин ҳастанд, ба мақсад мувофиқ нест.

Дар саҳни бино бошад, ба замине, ки ҳатто ҳамвор карда нашудааст, қолинеро партофтаанд, ки кӯдакон рӯи он нишаста, машғулият доштанд.

Сарвари давлат дар баромадҳои хеш дар бораи аз тарафи соҳибкорон бунёд намудани кӯдакистонҳои хусусӣ дастуру супоришҳо дода буданд. Имрӯз ба воситаи оинаи нилгун дар бораи бунёд намудани кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҷониби соҳибкорон гузоришҳо омода мегарданд. Бархе соҳибкорон, шахсиятҳои касбу кори гуногун, ҳатто, маблағи барои ҳаҷ пасандознамудаи худро ба бунёди пулу роҳҳо, таълимгоҳу кӯдакистонҳо масраф менамоянд. Зеро онҳо мехоҳанд, ки барои наслҳои оянда аз худ ном ва кори некро боқӣ гузоранд.

 Чаро имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача оид ба бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ чораҷӯӣ наменамоянд, ки ин боиси нигаронист. Дар ҳоле ки бино ба иттилои раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалъача ба боғчаи бачагона навбат зиёд аст.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh