Паёми табрикии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бахшида ба Рўзи илми тоҷик

Мўҳтарам аҳли зиё, устодон, олимон, муҳаққиқон ва донишҷўёни азиз!

Илму дониш чароғи равшани роҳи башарият ва аҳли илм, нерўи қавии зеҳниву ахлоқии ҷомеа мебошанд, ки инсониятро ҳамеша ба роҳи рост ва саодати зиндагӣ раҳнамун месозанд.

Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол таваҷҷўҳ ба соҳаи илм бештар гардида, баҳри ташаккул ва равнақи таҳқиқоти илмӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.

Пўшида нест, ки рушди босуръати илму техника моро ба муҳити комилан нави муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иттилоотӣ ворид менамояд. Дар ин раванд моро зарур аст, ки ба тарғиби бузургтарин дастоварди халқамон – истиқлолияту озодӣ таваҷҷўҳи бештар зоҳир намуда, дар ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ҳифзи содиқона ва қотеъонаи манфиатҳои миллию давлатӣ саҳмгузор бошем.

Имрўз, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асри дастовардҳои беназири илмию техникӣ қарор дорад, аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани Соли ҷавонон барои ҷалб намудани насли ҷавон ба омўзиш ва азхуд кардани техникаву технологияҳои муосир, илму дониш, касбу ҳунар, муаррифии дастоварду ихтироот, маҳсули эҷодӣ ба пешрафт Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Аз ин рў, яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо бо истифода аз дастовардҳои илму технологияҳои муосир тарбия намудани ҷавонони донишманду соҳибмаърифат мебошад, ки ояндаи давлату миллати худро ба даст гирифта тавонанд. Зарур аст, ки олимони вилоят нерўи илмии хешро дар самти ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорию навоварӣ боз ҳам ҷоннок намуда, барои татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ва инноватсиониву технологӣ дар истеҳсолоти ватанӣ тадбирҳо андешанд. Зеро яке аз ҳадафҳои муҳимтарини мо дар давраи наздиктарин гузаштан аз давлати аграрӣ ба давлати индустриалӣ-аграрӣ ба ҳисоб меравад.

Итминони комил дорам, ки олимони вилоят ба омўзиши муаммоҳои муосир ва кашфиёту ихтирооти ба истеҳсолот нигаронидашуда таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, инчунин дар самти таъмини амнияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, огоҳ намудани ҷомеа аз таъсири хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, таҳким бахшидани асолати миллӣ, забон ва фарҳанг, ки аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошанд, нақши мунир мегузоранд.

Иди касбӣ, муборак!

Add comment


Security code
Refresh