Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз намоиши асарҳои хатмкунандагони факултаи санъати ДДХ
- Details
- Published on Friday, 01 November 2024 21:04
Дар Арт-галереяи "Сомониён"- и шаҳри Хуҷанд намоиши асарҳои хатмкунандагони факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маърази тамошо гузошта шуд, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз он боздид намуд.
Асарҳои рассомон фарогири мавзӯъҳои ободии Ватан, рўзгори хурраму осудаи мардум, корҳои созандагӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва зебоиву таровати табиати диёр буда, лаҳзаҳои таърихиву ҷолиб бо ҳунари воло тасвир карда шудаанд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз намоиш таъкид кард, ки санъати тасвирӣ яке аз намудҳои муҳими ҳунару офарандагӣ буда, ба рушди он дар вилоят эътибори зарурӣ дода мешавад. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рассомону мусаввирон, меъморону ҳайкалтарошони вилоят дар форуму симпозиумҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, вилоятро муаррифӣ менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки беш аз 30 сол боз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров факултаи санъат ва кафедраи санъати тасвирӣ амал менамояд.
Кафедраи санъати тасвирӣ соли 1995 бо ташаббуси рассоми шинохта, дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Ғафурҷон Ҷӯраев таъсис ёфтааст.
То имрўз кафедраи мазкурро беш аз 160 нафар мутахассисони касбӣ хатм намуда, дар соҳаҳои фарҳангу маориф ва ободонии кишвар фаъолияти пурсамар доранд.
Раиси вилоят саҳми устодон ва дастпарварони кафедраро дар азнавсозӣ, ободонӣ ва корҳои тасвиру пардоздиҳии иншооти муосири шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус «Қалъаи Хуҷанд» назаррас арзёбӣ карда, дар ҷодаи ҳунару офарандагӣ ва тарбияи мутахассисони соҳибзавқ барору комёбиҳо таманно намуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд