Панҷакент. Ба бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузошта шуд

Дар шаҳру деҳоти Панҷакент ба ифтихори санаҳои фархундаву миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону таҷдид ва бунёди иншооти гуногун авҷи тоза гирифта, сокинон дастаҷамъона дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 22 ноябр ба шаҳр ташриф оварда, бо раванди ободокориҳо аз наздик шинос гардид ва бо сокинон суҳбату мулоқот орост.

Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ бо иштироки роҳбари вилоят ба бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузошта шуд. Бинои нав бо дастгирии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва сокинону соҳибкорони маҳал бунёд карда мешавад. 

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Раиси вилоят ҷиҳати анҷом босифати корҳо ва бунёди бинои сеошёна барои 300 нафар тарбиятгирандагон тавсияҳо дод.

Роҳбари вилоят зимнан аз дастгириҳои давлату Ҳукумат нисбат ба соҳаи маориф ёдовар гашта, таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар иншооти соҳаи маориф бунёд ёфта, сатҳу сифати таълиму тарбия боло бурда мешавад.  

Маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар қаламрави кишвар, то дурдасттарин ҷамоату деҳот иншооти соҳа бунёд гардида, бо навтарин аёниятҳои дарсӣ таъмин карда мешаванд.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ зиёда аз 23 ҳазор нафар аҳолӣ иқомат дошта, дар 10 мактаб ва 2 кӯдакистон наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бинобар афзоиш ёфтани аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба бунёди ин муассиса санги асос гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh