ТАСДИҚИ ИХТИСОСҲОИ НАВ

–Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар зинаҳои бакалавриат аз рӯйи 28 ихтисос, магистратура аз рӯйи 8 ихтисос, докторантура PhD аз рӯйи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рӯйи 5 ихтисос мутахассисонро тайёр менамояд. Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст,–гуфт зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон директори донишкада Ҳомид Ҳошимзода .

Гуфта шуд, ки ҳадафи асосии донишкада дар сатҳи баланд омӯзонидани донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ, сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ, технологияҳои инноватсионии муосир ва иқтисодиёти рақамӣ, омӯзонидани на кам аз 3‐4 забонҳои хориҷӣ мебошад. Заминаи моддиву техникии донишкада ҷавобгӯи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аст.

Донишкада бо зиёда аз 240 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад. Мақсади асосии робитаҳои байналмилалии донишкада таъмини байналмилалигардонии раванди таълим, омӯзиш ва илм дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳо ба шумор меравад. Ин аст, ки донишкада бо зиёда аз 70 донишгоҳи бонуфузи олам ҳамкории тарафайн барпо намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти пурсамар дорад. Мавриди зикр аст, ки донишкадаро соли ҷорӣ 889 нафар, аз ҷумла, 37 нафар бо дипломи аъло хатм намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ директори донишкада маълумот дод, ки дар асоси қарори мушовараи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишкада баҳри пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи 8 ихтисоси нав, яъне иқтисодиёти рақамӣ, омор, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии берунӣ), ҳуқуқи нақлиётӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ, WEB–дизайн дар графикаи компютерӣ иҷозат дода шуд.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh