ОҒОЗИ ИМТИҲОНОТИ ҚАБУЛ БА МАКОТИБИ ОЛӢ

Субҳи 1 – уми июл рӯзи аввалини имтиҳонсупории довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон оғоз гардид.

Бо чанде аз довталабону волидон аз шаҳру навоҳии вилоят, ки дар назди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 – и шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада буданд, шинос шудем.

Давронҷон Юлдошев бобои довталаб Мӯниса Юлдошева аст. Онҳо сокини Ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Ашт мебошанд. Ӯ зимни суҳбат оид ба кори самаранок ва шаффофияти Маркази миллии тестӣ ва имкони мусоиди дохилшавии ҷавонон ба мактабҳои олӣ ҳарф зад.

- Сараввал, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегӯем. Зеро бо ҳидояти Сарвари давлатамон имтиҳонсупорӣ барои довталабон содатар гардид. Ёд дорам, дар тарзи пештараи имтиҳонот фарзандони оилаҳои ниёзманд, ки саводи хуб доштанд, ба донишгоҳҳо дохил шуда наметавонистанд. Имрӯз, хушбахтона, Маркази миллии тестӣ амал мекунад ва довталабони арзанда ба унвони донишҷӯӣ соҳиб мешаванд. Соли гузашта як набераи дигари ман бо ихтисоси байторӣ донишгоҳро хатм кард. Шукрона, имрӯз фаъолият бурда истодааст. Насиб бошад, Мӯниса низ имтиҳонро нағз супорида, донишҷӯ мешавад. Вай орзу дорад, ки ба мисли аммааш муаллимаи фанни математика шавад, даст ба дуо мегӯяд бобо.

Аббос Узоқов имсол довталаб аст. Ӯ хатмкардаи муассисаи № 16 – и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад. Вай зимни гуфтугӯ ба мо арз дошт, ки хеле хурсанд аст, чун ихтисоси дӯстдоштаашро интихоб ва волидон ҳам дастгирӣ кардаанд.

- Ман шурӯъ аз синфи 10 ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ тайёрӣ мебинам. Мақсадам веб‐дизайнер шудан аст. Аз ҳозир медонам, ки инсони имрӯзаро Интернет ва барномаҳои гуногун ҳамроҳ мебошад. Фикр мекунам, касбҳое, ки ба соҳаи технологияи иттилоотӣ марбут аст, замонавӣ буда, сол аз сол ба он талабот меафзояд. Дар забонҳои барномарезии Acses, Python, PHP кор карда метавонам. Чанд барномаҳои содае, ки барои хонандаҳои мактаб кор меояд, сохтаам. Оянда мехоҳам, ки дар Тоҷикистони азиз ширкате кушода, барои халқ хизмат кунам, умедворона мегӯяд Аббос Узоқов.

Зикрулло Асроров бо ҳамроҳии модаркалонаш ба имтиҳон омадааст. Вай хатмкардаи муассисаи № 20 – и Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Зикрулло соҳаи энергетикаро интихоб кардааст.

- Аз аввалҳои соли ҷорӣ ба имтиҳонҳо омодагӣ медидам, имрӯз маро ҳаяҷон фаро гирифтааст. Боварӣ дорам, ки ба ихтисоси таъмини барқ дохил мешавам. Ин ихтисосро дар аввали номгӯи ихтисосҳо гузоштаам. Сабаб дар ин аст, ки пешаи электрикиро дӯст медорам. Падару бародарам шогирд шуда, касби электрикиро омӯхтаанд, ман ҳам равиши корро кам‐кам ёд гирифтам. Мехоҳам, ки чун мутахассиси касбӣ ба воя расам ва дар соҳаи энергетика фаъолият намоям, афзуд Зикрулло Асроров.

Исмоил Ҷӯраев хатмкардаи МТМУ № 12 – и ноҳияи Зафаробод аст. Ӯ имрӯз ба имтиҳон ҳамроҳи падараш омадааст. Падараш ба мо гуфт:

- Ҳар падару модар орзу мекунад, ки фарзандаш соҳиби касбу ҳунар шавад. Мехоҳем писарамон донишҷӯ шавад. Шукр, ки ҳамаи шарту шароит ҳаст. Ману модараш низ барои хонданаш пайваста дастгирӣ мекунем. Канӣ, имрӯз мебинем, ки писарамон дониши дар 11 сол азхудкардаашро истифода бурда метавонед, ё не!”.

Бояд қайд кард, ки имсол дар вилояти Суғд 21 ҳазору 773 нафар толибилмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро хатм карданд. Дар миқёси вилоят 12 маркази имтиҳонии Маркази миллии тестӣ амал мекунад. Имтиҳонот аз 1 то 12 – уми июл давом карда, натиҷааш 20 – уми июл маълум мегардад.

Файзуллохон ОБИДОВ

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh