ҲАМҚАДАМ БО АСРИ НАВ

Шукронаи неъматҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдати комили миллӣ, дастовардҳои бемислу монанд ва нотакрори фарҳангӣ, ки имрӯзҳо миллати меҳанпарвару тамаддунофари мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро мегузорад. Ватани биҳиштмаъвоямон дар зери партави сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш ободу зебо мегардад.

Боиси ифтихору шукргузорист, ки аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то ба имрӯз Ҳукумати мамлакат ба сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояшон вазифадор мекунанд, ки пайваста забон омӯзем, донишамонро сайқал бахшем.

Зеро ҷавонони забондону соҳибмаърифат ва болаёқат метавонанд, барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд.

Президенти кишвар мегӯянд: «Мо ба шумо, ҷавонон нерӯи бузурги созандаи кишвар эътимод мекунем ва бовар дорем, ки аз уҳдаи ин рисолати бузурги таърихӣ ва иҷрои вазифаи фарзандии хеш бо сарбаландӣ мебароед».

Яъне ин шаҳодати он аст, ки мо, ҷавонон, аз мадди назари Сарвари давлат дур нестем ва шукрона аз он дорем, ки чунин Сарвари ғамхору дилсӯз, оқилу доно ва меҳрубон дорем. Ҷавобан ба ин бояд ҳамаи мо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ намуда, бо ақлу хирад, ватандӯстиву ватанпарастӣ, донишомӯзиву забономӯзӣ, ғайрату меҳнатдӯстӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ баҳри пешрафти Ватан кӯшиш ба харҷ диҳем.

Моҳи феврали соли 1998 Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна таъсис дода шуд. Ҳазорбора ба Пешвои муаззами миллат сипоси хешро тавассути ин ирсол карданиям, ки маро ҳам насиб гашт, ки ба ин Стипендия сазовор гардам. Моро зарур аст, ки ҳарчӣ некӯтар таҳсил кунем, забон омӯзем, то донишамон амиқ ва доираи фаҳмишамон фарохтар гардад.

Бояд бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам бошем, талаботи замонро эҳсос намоем, аз дастовардҳои илму техникаи муосир қафо намонда, чун вориси арзандаи миллату давлат барои имрӯзу фардои дурахшон ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳон саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

Фарангис РАУПОВА,

хатмкунандаи Литсейи физикӣматематикии рақами 1,

ба номи М.Осимӣ, гирандаи Стипендияи Президентӣ

Add comment


Security code
Refresh