БАҲРИ ОБОДИИ ИМРӮЗУ ФАРДО ...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар қатори чанд иншооти нав санаи 19‐уми апрели соли равон дар ноҳияи Ашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 (бинои сеошёна барои 720 хонанда дар ду баст) ва кӯдакистони хусусии «Бунёд»‐ ро ифтитоҳ намуданд. Ду сол қабл бошад, Пешвои муаззами миллат бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, соҳибкори ватандӯст ва омӯзгорон бунёд гардида буд, ба истифода супориданд.

Воқеан, гоҳе даврони нахустини соҳибистиқлолии кишварро ба хотир меорему шукри имрӯзро мекунем, зеро омӯзгорон ба сабаби кам будани музди маош тарки мактаб намудаву канори роҳҳову кунҷи бозорро ба иҷора гирифта, молу маҳсулотро бо иловаи андаке арзиш пешкаши харидорон менамуданд. На танҳо омӯзгор, балки мутахассисони дигар соҳот низ дар ҳамин растаҳои худсохти он давр баҳри қути лоямуте умри хешро паси сар менамуданд. Ба сабаби норасоии синфхонаҳо бошад, толибилмон дар хонаҳои шахсӣ ва ё вагонҳои ба «синфхона» бадалшуда сабақ мегирифтанд. Азбаски миқдори кӯдакистон кам буд, волидайн то аз кор омадан кӯдакону наврасони худро дар ҳавлии ҳамсоя ва ё дарро ба рӯяш баста, борҳо таъкид менамуданд, ки ба кӯча набароянд.

Имрӯз бошад, шукри давронро менамоем, ки тулӯи офтоби Истиқлолият ба хонадони ҳар як шаҳрванди тоҷикистонӣ рухи худ боз кардаасту аз ҳар як хонадон садои хандаи модари хушбахту кӯдаки аз олами ширини айёми кӯдакиаш шаҳди комчашида садо медиҳанд ва мегӯем: ‐ Шукри даврон, шукри истиқлолият, шукри Сарваре, ки чунин рӯзҳои шодмониро бароямон насиб гардонд.

Боиси шодмонист, ки сол аз сол дар қатори бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ шумори дабистонҳои хусусиву давлатӣ, кӯдакистонҳову коргоҳҳои истеҳсолӣ низ афзуда истодааст.

‐ Алъон мақсаду мароми масъулини мақомоти иҷроия, соҳибкорон, умуман, ҳар як ватандӯсти кишвари офтобрӯя якест: ‐ Ободонии мулки ҳамешабаҳор, бунёди биноҳои замонавӣ, таълим ва тарбияи арзандаи насли наврас аст, ‐ қайд кард ҳангоми суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт Муяссар Ҳайдарзода.

‐ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих ишора карда, чунин таъкид намудаанд: «Азбаски давлати соҳибистиқлоли мо як давраи хоси гузаришро ба сохти демокративу дунявӣ, иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ паси сар мекунад, ҳар соли он аз воқеаву рўйдодҳои моҳиятан таърихӣ ва тақдирсоз ташаккул меёбад».

Имрӯз мо гуфта метавонем, ки пас аз соҳиб шудан ба истиқлолият зинаи аввали давлатсозии худро ба анҷом расонида, ба ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба иқтисоди бозорӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ки шоҳроҳи пешрафту тараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, қадамҳои устувор мегузорем.

Дар даврони Истиқлолият дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ноҳияи Ашт низ ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, чор мактаби асосӣ, дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 66, 64, 56, 46, 30, 23, 22, 13, 18, 24, 15, 55, 58 биноҳои нав сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар ин давра дар беш аз даҳ муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ ва ё толори варзишӣ бунёд гардиданд. Дар урфият мегӯянд, «Ҳар як иду айём хусусияти хоси хешро дорост». Дар деҳаи Пискокати Ҷамоати деҳоти Ашт МТМУ рақами 15 дар арафаи 20 ‐ солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар арафаи Истиқлолияти давлатӣ МТМУ рақами 36 бо иштироки Пешвои муаззами миллат 15‐уми сентябри соли 2020‐ум ба истифода супорида шуд. Боиси ифтихор ва фараҳмандист, ки соҳибкорони ватандӯсту раъиятпарвар дар бунёди муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми хешро гузошта, барои сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё месозанд, ки он сафи муҳоҷирони меҳнатиро ба хориҷи мамлакат коҳиш медиҳад. Чунин амали нек дар МТМУ рақами 4‐и ноҳия аз ҷониби соҳибкор А.Саломов ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар солҳои 2011–ум ва 2012–ум рӯи кор омада, 16 синфхонаи иловагӣ, ҳамчунин дар солҳои мухталиф соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ рақамҳои 26 ва 58 саҳмгузорӣ намудаанд.

Ташкил ёфтани литсей, гимназия ва мактабҳои хусусӣ падидаи даврони Истиқлолият мебошад, ки дар ноҳияи Ашт низ чунин навъи таълимдиҳӣ аз соли 1994 инҷониб идома дорад. Агар ҳамон сол дар ҷамоатҳои шаҳраки Шайдон ва деҳаи Ашт литсейи рақамҳои 1 ва 2 ба фаъолият пардохта бошанд, то имрӯз тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», шумори он ба 6 адад, аз ҷумла як муассисаи хусусӣ фаъолият мебарад, ки дар онҳо 2420 нафар толибилм бо таълим фаро гирифта шудаанд, ‐ қайд кард мудири шуъбаи маорифи ноҳия.

Тибқи иттилои манбаъ, тариқи Маркази миллии тестӣ соли 2020‐ум зиёда аз 1400 нафар ва соли 2021‐ум 1186 нафар хонанда дар донишгоҳҳои олии кишвар, инчунин аз соли таҳсили 2016 инҷониб 353 нафар хатмкардагони муассисаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил намуда истодаанд. Дар соли хониши 2022‐юм бошад, аз 2131 нафар хатмкунандаи 1369 нафар ва аз ҳисоби хатмкунандагони солҳои пешин ҳамагӣ 1502 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои хешро пешниҳод намудаанд.

‐ Ба андешаи ман, ‐ мегӯяд М.Ҳайдарзода, ‐ омӯзгорон дар таълиму тарбия саҳми арзанда гузоштаанд. Аз соли 2016‐ум инҷониб толибилмон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (197 хонанда) ва ҷумҳуриявӣ (43 нафар хонанда) ширкат варзида, ҷойҳои якуму дуюму сеюм, сертификат ва ҳатто медали тиллоро сазовор гардиданд.

Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат чанд сол инҷониб озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор шуда истодааст, ки омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия низ ба он фаъолона ширкат меварзанд. Дар озмуне, ки соли 2021‐ум баргузор шуд, омӯзгорон Моҳрӯ Қурбонзода ва Фирӯза Тошматова аз МТМУ рақамҳои 13 ва 61 сазовори ҷойи дуюм, Малика Рӯзиматова (хонандаи МТМУ № 15, ҳоло донишҷӯ) ҷойи 3‐юм, Нозия Юлдошева хонандаи синфи 5‐уми МТМУ № 13 ҷойи ифтихориро сазовор шудаанд. Ҳамчунин, дар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 15 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, аз рӯйи номинатсияҳои гуногун Р.Алиматов – хонандаи МТМУ № 35, Д.Акрамқулова хонандаи МТМУ № 62 ва гурӯҳи доиранавозони Мактаби санъати бачагонаи ноҳия ба гирифтани Диплом ва мукофотпулӣ сазовор шуданд. Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» хонандаи МТМУ №40 Субҳиддин Машарифов аз фанни химия ҷойи дуюмро соҳиб гардид.

Боиси ифтихору шодмонист, ки офтоби истиқлолият ба кишвари ҳамешабаҳори мо тулуъ намудаасту сол аз сол шароити муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, бо лавозимоти хониш, китобхонаҳо ва таҷҳизоти техникӣ таъмин шуда истодааст. Айни ҳол сохтмони бинои муассисаи садамавии рақами 25 барои 1040 нафар хонанда дар ду баст бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, ки онро дар арафаи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ ба истифода хоҳанд дод. Сохтмони синфхонаи иловагӣ, толори варзишӣ дар МТМУ рақамҳои 29, 26 ва 32, инчунин бинои нави МТМУ № 56 дар деҳаи Сарваки наздисарҳадӣ ва бинои нави муассиса дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пунук бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва дастгирии волидайн идома дорад, ки ҳамаи ин ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

‐ Умуман, дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо мо, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ, инчунин намояндагони дигар соҳот низ дастовардҳои зиёдро соҳиб гардиданд. Тавре Пешвои муаззами миллат мегӯянд: «Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад», ‐ гуфт дар анҷом мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муяссар Ҳайдарзода.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh