Осим Каримзода: “МУҲАББАТ БА КАСБ ВА ИҶРОИ ВАЗИФА, МУҲАББАТ БА ВАТАН АСТ”

Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифи кишвар тавассути ислоҳоти ҳадафманд ба сифати нав баромада, барномаҳои ҷадиди пешрафт ва такомул қабул гардида, пайваста амалӣ мешаванд.

Муҳимтарин унсур ва асолати соҳаи маориф дар масири стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ шудани таълиму тарбияи насли нав ба замони муосир мебошад. Дар ин росто, дар ҷомеаи мо насли наве ба воя мерасад, ки дорои ҷаҳонбинии фарох,  донишҳои замонавӣ ва ташнаи илму ирфон аст. Албатта, чунин талабот ва ҳадафҳо ба қобилият, маҳорат ва савияи дониши омӯзгор пайвастагии калон дорад. Истифодаи таҷрибаи пешқадам ва технологияи тадриси замонавӣ ба малака ва масъулияти омўзгор вобаста мебошад.

Дар ин хусус мухбири р¢знома бо сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро манзури хонандагон месозем.

- Мегӯянд, ки муваффақиятҳо ҳама вақт азони худамон аст.  Дар баробари муваффақиятҳо дар мактабҳои вилоят нарасидани  кадрҳо – омӯзгорони баъзе фанҳои таълимӣ ба назар мерасад. Вазъ дар ин самт чӣ гуна аст?

- Дар муассисаҳои таълимии ҳамаи ҳаждаҳ шаҳру ноҳияҳои вилоят, аввалан, фаъолият тибқи нақшаи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муназзам ҷараён дорад. Сониян, далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки умуман, соли равон ба вилоят 833 нафар мутахассиси ҷавони соҳиби маълумоти олии касбӣ барои кор фиристонида шудаанд. Аз ин ҳисоб тариқи квота 221 нафар ва шумораи соҳибкасби дорои маълумоти миёнаи тахассусӣ 354 нафар буда, дар маҷмӯъ 1100 нафарро ташкил медиҳанд. Ҳар касе, ки ба шуғли педагогӣ-касбӣ фаро гирифта шудаанд, бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Мегӯянд, ки кас агар ҳавсалаи кор надошта бошад,  ба мақсаду мароми хеш ноил намегардад. Айнан ҳамин тавр, ҳолатҳое дида мешаванд, ки мутахассисон – онҳое, ки бо донишу касб мусаллаҳ шудаанд, асосан бо сабабҳои  субъективӣ ба ҷойи кор ҳозир намешаванд. Ин ҳолат дар соҳаи маориф ҳам вуҷуд дорад.

Ба далелҳо рӯ меоварем: соли равон 592 нафар мутахассиси ҷавони маълумоти олидор дар  вилоят ба қайд гирифта шудаанду аз онҳо 237 нафар соҳиби маълумоти миёнаи касбианд. Дар умум, 833 нафар ё худ 75,7 фоизи мутахассисони соҳибмаълумоти касбӣ  бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи кор ҳозир шудаанд. Аз ин шумора 125 нафар босабаб ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд.

Дар ин масир омилҳои гуногун таъсир мерасонад: аз ҷумла, маблағи таҳсилро баргардонидан, муҳоҷирати меҳнатӣ, ба дигар соҳа ба кор гузаштан, бемор шудан, ивази ҷои зист, дар хизмати ҳарбӣ будан, чун магистрант таҳсил намудан, таҳсилро идома додан ва амсоли инҳо.

- Тавре огаҳӣ дорем, ҷараёни омӯзишу тадриси фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар макотиби шаҳру ноҳияҳои вилоят чандон ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Дар ин хусус чӣ андеша доред?

- Эҳсоси ватандӯстӣ бояд дар вуҷуди насли наврас, алалхусус, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ, гумон мекунам, ки чун шуълаи хуршед дурахшону нурбор бошад. Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносиву ватанпарварии миллӣ барои омӯзгорони ҳама дараҷаи таҳсилот чароғи раҳнамо буда, мутахассисон, ҷавонон ва муҳассилинро барои расидан ба мақсади наҷиб ҳидоят менамоянд. Аз ин лиҳоз, мақсад ва моҳияти ба роҳ мондани омодагии дифои ҳарбӣ, омӯхтану азхуд кардани дарси шуҷоату ҷасоратмандӣ муҳиму зарурист. Барои ин омӯзгорони муваффақ дар ин самт хеле нақши бориз доранд.

Ҳоло шумораи умумии муассисаҳое, ки дар онҳо таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ пешбинӣ шудаанд, мувофиқи макотиби шаҳру ноҳияҳои вилоят 882 ададро дарбар мегиранд. Аз ин рӯ, дар вилоят шумораи умумии омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ 842 нафаранд. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят мутаносибан аз 6 то 123 муассисае, ки дар онҳо бояд фанни омодагии дифои ҳарбӣ омӯзонидаву машғулият гузаронида шаванд, тасдиқ гардидааст. Аз рӯи шароити мавҷуда дар ин самт тадрису машғулияти амаливу назариявӣ гузаронида мешаванд. Натиҷаҳои таълим низ қаноатбахшанд.

 Дар ин самт манзараҳои соҳибмаълумотӣ гуногунанд: шумораи омӯзгороне, ки маълумоти омодагии дифои ҳарбӣ доранд, дар вилоят 480 нафар буда, аз онҳо 185 нафар мутахассиси ин фан ҳастанду кафедраи ҳарбии донишгоҳро хатм намудаанд. Омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ, ки ғайриихтисос мебошанд,  низ  ҳастанд. Умуман, дар вилоят 40 нафар норасоии омӯзгорони фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба мушоҳида мерасад. Дар ин раванд, албатта, тадбирҳо андешида мешаванд, то мутахассиси соҳа минбаъд дар ин самт ба тадрису машқу тамрин машғулият дошта бошанд. Сабабҳои субъективӣ ва объективии ҳолатро мо масъулини соҳа амиқ омӯхта, имрӯзҳо барои ба таълиму  тадрис ҷалб намудани мутахассисони соҳа - афсарони мустафъӣ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, сарбозони собиқ тадбирҳо меандешем. Туфайли ин тадбир  гумон мекунам, кор ба беҳбудӣ рӯ меоварад.

 - Мехостам, донам, ки омодагӣ барои фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф дар давраҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 чӣ гуна аст?

- Омодагӣ, яъне эҳтиёҷоти муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят ба маводи асосии гармидиҳӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ барои фаъолият дар ин  давра ба ҳолати 25 – уми сентябри соли равон чунин аст: ангишт  нақшаи талабот- беназардошти бақия 16643,6 тонна, захира-беназардошти бақия 16675,4 тонна буда, иҷро 100,2 фоиз аст.  Ҳезум аз рӯи нақша 7519,1 мукаабметр мебошад, дар асл захира карда шудааст – 7640,6 мукаабметр.  Дар маҷмӯъ, корҳои омодагӣ барои зимистонгузаронӣ ва фаъолияти бонизоми муассисаҳои соҳаи маориф пайваста ҷараён доранд.  Шумо метавонед, ҳар вақти муайян аз тадбирҳои амалигардида аз мутахассисони масъули  соҳаи Раёсати маорифи вилоят далелҳоро дастрас намоед.

- Барои суҳбати самимӣ ташаккур.

- Ба Шумо ва ҳайати эҷодии “Ҳақиқати Суғд” барор мехоҳам.

Суҳбаторо, 

Шаҳноза Ҳомидова,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh