БАШОРАТИ САБЗИ КОМГОРӢ

Бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд филиали Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба фаъолият шуруъ намуд. Таъсисёбии боз як муассисаи давлатии олии таълимӣ дар шаҳри Хуҷанд рӯйдоди муҳими таърихӣ маҳсуб ёфта, аз файзу баракати даврони Истиқлолият шаҳодат медиҳад. Дар ин радиф суҳбате доштем бо роҳбари филиали донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Манучеҳр Садриддинов, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

Манучеҳр Исломиддинович, аз таъсиси ФДССХ дар шаҳри Хуҷанд чанд сухан мегуфтед?

‐Филиали муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30‐уми июли соли 2021, таҳти рақами 301 дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шудааст. Мақсад ва ҳадафи асосии таъсиси филиали донишкада роҳандозӣ намудани Барномаи давлатии рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019‐2021 ва татбиқи амалии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, тадбиқи Барномаи давлатии 20 – солаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020 – 2040 дар соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ҳунармандӣ, иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ, коммуникатсионӣ ва ғайра буда, боварии комил дорем, ки мақсаду ҳадафҳои мо дар ояндаи наздик амалӣ хоҳанд шуд.

Қабули довталабон ба филиали донишкадаи навтаъсис чӣ гуна сурат гирифт?

‐Бояд зикр намоям, ки дар соли аввал қабули довталабон бидуни маркази тестӣ аз рӯи даҳ ихтисос ба бахшҳои рӯзона ва фосилавӣ ва аз рӯи чор ихтисос ба бахши магистратура бомаром идома дорад.

Ба бахшҳои рӯзона ва фосилавии бакалавриат аз рӯи даҳ номгӯи ихтисосҳо, ба монанди “Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ”, “Идораи бонкӣ”, “Кори бонкӣ”, “Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат”, “Менеҷменти молиявӣ”, “Молия ва қарз”, “Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)”, “Андоз ва андозбандӣ”, “Хадамоти гумрук”, “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика)” довталабон қабул карда мешаванд. Ба шуъбаи магистратура аз рӯи чор ихтисос ‐“Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар саноат”, “Молия ва қарз”, “Андоз ва андозбандӣ” ва “Хадамоти гумрук” қабули довталабон идома дорад.

Албатта, таъмини филиал бо мутахассисони баландихтисоси соҳа – олимону устодони варзида яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Дар ин самт мо дар асоси дастуру супоришҳои ректори Донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Убайдулло Асрорзода фаъолияти худро пеш бурда истодаем.

Имрӯзҳо дар ин самт устодони соҳа – иҷрокунандаи муовини роҳбари филиал оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Салоҳиддин Раҳимов ва иҷрокунандаи муовини роҳбар оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бозорбой Розиқов фаъолияти густурда доранд.

‐Нақшаҳои минбаъдаи филиали донишкада аз чиҳо иборатанд?

‐Айни замон филиали донишкада дар бинои Литсейи касбии шаҳри Хуҷанд, воқеъ дар микроноҳияи 27‐ум қарор дошта, ҳамарӯза қабули довталабон идома дорад. Дар ояндаи наздик дар микроноҳияи 27‐ум сохтмони бинои 6‐ошёна бо тамоми таҷҳизоти муосири таълимию техникӣ дар назар дошта шудааст. Умед ва боварии комил дорем, ки филиали мо дар оянда дар татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи сай‐ёҳӣ ва соҳибкорӣ бо тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа саҳми арзишманди худро хоҳад гузошт.

- Барои суҳбати самимӣ ташаккур!

- Саломат бошед!

Аҳрорҷон УБАЙДУЛЛОЕВ,

журналист

Add comment


Security code
Refresh