Хуҷанд: Бинои иловагии МТМУ №5-и шаҳр ба истифода дода шуд

Ба муносибати 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла толори варзиш ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда,  бо  назардошти фарогирии 320 нафар хонанда дар як баст иборат аз 16 синфхонаҳои таълимӣ мебошад. Дар таҳхонаи бинои мактаб ҳамзамон синфхонаҳои таълимии касбомўзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, кадбонугӣ ва ғайраҳо ташкил карда шудааст.

Фармоишгари бинои иловагии МТМУ №5 Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳакаши он «Суғдшаҳрофар» мебошад.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни суҳбати самимӣ бо хонандагону омўзгорон изҳор дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаи маориф, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва қабули барномаҳои давлатӣ барои рушди соҳа пайваста чораҷӯӣ карда истодааст. Дар буҷети давлатии соли 2021 барои соҳаи маориф 5 миллиарду 597 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2020-ум 11,2 фоиз зиёд мебошад. Маблағи зикршуда қариб 20 фоизи буҷети давлатиро ташкил дода, ба 6 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Яъне Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши ҳалкунандаи соҳаи маориф дар тарбия кардану ба камол расонидани наслҳои ояндасоз – кадрҳое, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад, аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh