НАХЛИ ПУРБОРИ БОҒИ ДОНИШ

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки наздик 400 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд, 14 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯйи 14 соҳаи илм ширкат варзида, 12 ҷойи ифтихориро касб намуданд. Донишгоҳ дар рейтинги ҷамъбасти Олимпиадаи ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мақоми сеюмро касб намуд ин нуктаро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти шашмоҳаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи рӯзноманигорон дар толори хурди раёсати донишгоҳ баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ дар нишасти матбуотӣ аз дастовардҳои донишгоҳ гуфта, таваҷҷуҳи хосаи Раёсати донишгоҳро дар нашр ва чопи асарҳои гуногуни илмиву таълимӣ қайд кард. Дар нимсолаи аввали соли 2021 62 номгӯи асар, аз ҷумла, китоби дарсӣ‐12, дастурҳои таълимӣ ва таълимӣ‐методӣ‐21, монография‐14, маҷмӯаи мақолаҳо‐15 адад ба нашр расиданд. Ҳамзамон мақолаҳои илмии устодони донишгоҳ 1560 ададро ташкил дода, аз он 260 ададаш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии эътирофшудаи Тоҷикистон ва Россия ба нашр расидаанд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ роҳбарияти донишгоҳ аз ҳамкориҳои судманди донишгоҳ бо муассисаҳои олии хориҷӣ ибрози назар намуда, зикр сохт, ки донишгоҳ бо 92 мактаби олӣ ва ташкилоти илмӣтадқиқотии хориҷӣ ҳамкории судманд дорад. Ҷамшед Ҷӯразода доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», «30‐солагии Истиқлолияти давлатӣ» сухан карда, таъкид намуд, ки донишгоҳ ба ин санаҳои муҳими таърихӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар маҷмӯъ, 125 намоиши корҳои эҷодӣ, 4 экспедитсияи илмӣ, 144 конференсияи илмӣ, 24 мизи мудаввар, 88 маҳфилу семинари илмӣ, 73 озмуну чорабиниҳои гуногунро баргузор намудааст. Дар интиҳои нишаст роҷеъ ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ бо рӯзноманигорон саволу ҷавоб доир гашт.

Сурайё ҲАКИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh