ДОНИШИ МУКАММАЛИ ҲАР ЯК ДОВТАЛАБ ВОҚЕИЯТ ВА ҲАҚИҚАТ АСТ

Соли ҳаштум аст, ки қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии  Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Давоми ин муддат Маркази миллии тестӣ тавонист, ки дар тамоми раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур шаффофияту адолатро таъмин намуда, боварии ҷомеаро нисбат ба фаъолияти худ ва ин имтиҳонҳо афзун гардонад.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти худро дар асоси ҳадафу вазифаҳои оинномавӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ба роҳ мондааст, самти кори худро ҷиҳати ташкили низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини шаффофият ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар асоси имтиҳонҳои марказонидашуда ва таъмини шароит ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳо равона кардааст. То баргузории ҷараёни имтиҳонҳо вазифаи марказ аз он иборат буд, ки довталабон, падару модарон, омӯзгорон ва дигар алоқамандонро бо низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ шинос намуда, тартиби интихоби дурусти касбу ихтисосҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо, коркарди тестҳо, тартибу қоидаҳои  муқаррарнамудаи имтиҳонсупориро ба онҳо фаҳмондан буд. Хушбахтона, чандин рӯз аст, ки довталабон дар марказҳои имтиҳонӣ дониши худро месанҷанд.

Раҳмонзода Маҳмадалӣ Наим – муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти имтиҳони дохилшавӣ чунин гуфт:

- Мувофиқи нақшаи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар 47 маркази имтиҳонии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз ёфт, ки он 7 рӯз давом мекунад. Ҳамарӯза мувофиқи гурӯҳи ихтисосҳо аз рӯзи якум довталабони мо имтиҳон супорида истодаанд. Дар вилояти Суғд 12 маркази имтиҳонӣ амал карда, 5 адади он дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад. Дар ин дувоздаҳ маркази имтиҳонӣ ба ҳайси ҳамоҳангсоз ҳамарӯза аз рафти имтиҳонсупории довталабон бохабар ҳастам.  Довталабоне, ки дар марказҳо номнавис шуданд, чандин рӯз аст, ки ба имтиҳон аз рӯи ихтисосҳои худ иштирок менамоянд. Ҳамарӯза қариб ҳашт фисади довталабон ба марказҳои имтиҳонсупорӣ ҳозир намешаванд ва айни ҳол сабабҳои он муайян нашудааст. Дар соли 2021-ум 103 ҳазор довталаб аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштанд, ки онҳо давоми ҳафт рӯз имтиҳон месупоранд. Аз  миқдори умумии довталабон 10 ҳазор нафараш пас аз хатми синфи 9-ум  ва 93 ҳазор довталаб пас аз хатми синфи 11-ум бояд имтиҳон супоранд. Дар баробари ин,  довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳон иштирок карда наметавонанд, имкон доранд, ки бо пешниҳод намудани ариза дар имтиҳони иловагӣ рӯзи 12-уми июли соли равон дар шаҳри Душанбе иштирок намоянд. Довталабони ба имтиҳон бо сабабҳои узрнок дермонда тариқи ариза роҳ дода мешаванд. Бояд гуфт, ки то санаи 30-юми июни 2021 довталабоне, ки интихобҳои худро иваз кардаанд, ҳамчунин, онҳое, ки дар давраи бақайдгирии иловагӣ аз қайд гузаштанд, низ санаи 12-уми июл дар пойтахт имтиҳон месупоранд.

Рӯзи 20-уми июл натиҷаи имтиҳонот эълон шуда, ба рақами телефони довталаб смс-паёмак ирсол мешавад. Ҳамчунин, довталаб метавонад натиҷаи имтиҳонро аз кабинети инфиродии худ

дастрас намояд.  Озмуни тақсимот  рӯзи 24-уми июл эълон шуда, довталаб ба яке аз 12 ихтисоси интихобкардааш роҳхат мегирад. Довталабони комёб ва роҳхатги- рифта бояд аз рӯзи 24-уми июл то 5-уми август ба муассисае, ки роҳхат гирифтаанд, ҳуҷҷатҳои худро супоранд. Орзу дорам, ки довталабони соли 2021 пас аз супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ рӯзи 1-уми сентябр дар паси мизи донишҷӯӣ нишинанд ва пас аз хатми ихтисоси интихобнамуда барои пешравии ин сарзамин саҳмгузор гарданд,- иброз дошт М. Раҳмонзода.

Дар  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-юми ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Хуҷанд аз 533 довталаби ба нақшагирифташуда 494 нафар имтиҳон супориданд. Дар 38 синфхонаи муассиса довталабон имтиҳон супорида истодаанд.

Ба гуфти намояндаи ваколатдори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамигул Асоева  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-юми ба номи Зайниддин Осимови шаҳри Хуҷанд дар 34 синфхона аз 508 довталаби дар нақшабуда 453 нафар имтиҳон супурданд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh