Шиносоии Раиси вилоят бо рафти бунёди синфхонаҳои иловагӣ ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд бо мақсади шиносоӣ бо рафти бунёди иншооти гуногун ва ҷараёни корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафари корӣ анҷом дод.

Раҷаббой Аҳмадзода дар ин сафар нахуст сохтмони синфхонаҳои иловагиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 31 мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Муассиса дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ҷойгир буда, бо дарназардошти зиёд шудани теъдоди хонандагон айни замон сохтмони чор синфхонаи иловагӣ ҷараён дошта, дар назар аст, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.

Дар муассисаи мазкур 350 нафар хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шуда, бинои мактаб дар садаи бист сохта шудааст ва омӯзгорону хонандагон аз норасоии синфхонаҳои таълимӣ азият мекашанд. Зимни боздид аз ин боргоҳи таълим Раиси вилоят ба масъулини вилоят ҷиҳати пешниҳоди лоиҳаи наву замонавии бинои муассиса дастуру супориш дод. Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия дар тамоми гӯшаву канори кишвар беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Масоҳати умумии муассиса 2 гектарро ташкил дода, бунёди бинои нав боиси боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълим дар мактаб мегардад.

Бино ба иттилои масъулин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов айни замон бунёди 23 синфхонаи иловагӣ барои наздик 700 нафар хонанда ҷараён дорад.

Сипас, Раиси вилоят бо сохтмони майдончаи варзишӣ, ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ бунёд гардида истодааст, шинос шуд. Соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки дар оянда дар ин мавзеъ боз ҳавзи шиноварӣ ва майдони варзишӣ барои волейболу баскетболро бунёд намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh