Фанни “Пешвоӣ дар роҳбарӣ”

Масъалаҳои рушди иҷтимоии ҷавонон ва рушди соҳаи маориф самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тавассути стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ татбиқ гашта истодаанд.

Солҳои  охир дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон тибқи нақшаҳои таълимии тахассусии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фанни “Пешвоӣ дар роҳбарӣ” дар ҳамаи кафедраҳои тахассусӣ ба номгӯи фанҳои умумитаълимии ихтисосӣ (ҳамчун фанни интихобӣ)  ворид карда шуд ва таълими ин фан оғоз гардид. Мақсад аз ҷорӣ намудани таълими фанни пешвоӣ дар роҳбарӣ – ин дар донишҷӯён ташаккул додани маҷмӯи донишҳои назариявӣ ва амалии пешвоӣ дар менеҷменти муосир, дарки зарурати дар худ тарбия намудани хислатҳои пешвоӣ, ташкили муносибатҳои босамари меҳнатӣ ҳамчун омили муҳими санъати роҳбарӣ дар идоракунии ҷомеаи меҳнатӣ ва таъмини рушди стратегии коргоҳ аст.

Ҳар як донишҷӯ, яъне мутахассиси ҷавони оянда потенсиали муайяни роҳбарӣ намудани дастаи меҳнатӣ, ва дар оянда корхонаву муассисаро дорад. Аз ин рӯ ба донишҷӯён омӯзонидани малака ва маҳорати идоракунӣ вазифаи муҳими макотиби олӣ аст.

Ҷаҳонишавии бозори иқтисодӣ босуръат идома дорад. Соҳаҳои касбӣ низ бо суръати баланд рушд карда истодаанд. Техникаву технологияҳо ва иттилооти интернетии нав ба нав рӯи кор меоянд. Корхонаҳое, ки менеҷменти рушднаёфта доранд, ба рақобат тоб наоварда, муфлис  гашта истодаанд. Мутахассисоне, ки қобилияти рушди касбӣ, ташкилотчигӣ, истеъдоди роҳбарӣ ва пешвоӣ надоранд, кордиҳандагонро қонеъ наменамоянд ва ё худ фаъолияти соҳибкории худро ташкил ва рушд дода наметавонанд. Имрӯзҳо менеҷменти корхонаҳо дар тамоми ҷаҳон дар паи ҷустуҷӯ ва тарбияи пешвоёни касбӣ ва ташаккулдиҳии дастаҳои касбӣ мебошанд.

Суръати ислоҳоти имрӯза дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ тақозо мекунад, ки масъалаҳо ва мушкилоти пайдошуда ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд. Аз ин лиҳоз, ба мутахассисон на танҳо сатҳи баланди касбӣ, балки қобилияти муттаҳидсозии одамон барои зуд ҳал кардани масъалаҳои умумӣ зарур аст. Ин корро танҳо шахсоне анҷом дода метавонанд, ки дорои хислатҳои пешвоӣ мебошанд. Маҳз хислатҳои пешвоӣ кӯмак мекунанд, ки шахс, мутахассис, роҳбар диққати дигаронро ба ғояҳои худ ҷалб кунад ва ба дурустии мавқеи худ боварӣ бахшад. Аллакай имрӯз бозори меҳнат мутахассисони фаъоли баландихтисосро талаб мекунад, ки сабку услубҳои дар гурӯҳ кор карданро медонанд, қобилият доранд, қарорҳои муҳим қабул кунанд ва барои иҷрои онҳо бори масъулиятро бар дӯш гиранд, бо одамони дигар муносибатҳои судманд барпо намоянд.

Ба ақидаи мо, ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки фанни “Пешвоӣ дар роҳбарӣ”-ро таълим медиҳанд, зарур аст, ки портрети психологии донишҷӯ – пешворо  дар асоси хислатҳои мусбии ахлоқӣ, касбӣ, роҳбарӣ созанд ва ҳамчун устоду мураббӣ донишҷӯёнро ҳидоят намоянд, ки баҳри дар худ ташаккул додани хислатҳои пешвоӣ дар раванди таҳсилоти донишгоҳӣ замина гузоранд.

У.БОБОЕВ,

эксперти ДПДТТ ба номи академик

М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh