Дониш зи шамъи субҳидам пайдо

Санаи 13 уми июни соли ҷорӣ дар МДТ «Мактаби байналмилалии Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе 42 юмин Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳ баргузор гардид. Дастаи вилояти Суғд иборат аз 350 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳти роҳбарии директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, ҳамзамон роҳбари бахши Академияи хурди илмҳо дар вилоят Фирдавс Ашӯрматов дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуданд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи чорабинии мазкур Президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Ғанизода, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматов иштирок ва суханронӣ намуда, баргузории озмуни мазкурро барои сайқал додани донишандӯзии кӯдакон, ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ‐таҳқиқотӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, дарёфти кӯдакони болаёқат муҳим арзёби намуданд. Таъкид гардид, ки озмуни мазкур барои омодагӣ ба озмуни ҷумҳуриявии "Илм‐фурӯғи маърифат" кӯмак хоҳад намуд. Қайд гардид, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун беш аз 800 нафар хонандагони болаёқат аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи Марказ иштирок намуда, аз рӯи 20 бахш қувваозмоӣ менамоянд. Дар поёни ҷаласаи расмӣ иштирокчиёни озмун аз вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, барои ташкили озмуни мазкур миннатдории хешро ба Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд. Баъди маросими расмӣ озмун оғоз гардида, довталабон ба бахшҳо роҳнамоӣ карда шуданд.

Бино ба гуфти Суман Раҳматуллоева, хонандаи синфи 11 – уми Гимназияи №1, ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд, ки иштирокчии сессияи ҷумҳуриявии «Академияи хурди илмҳо» мебошад, чорабинӣ дар сатҳи хубу хотирмон ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷаи ҷамбасти озмун 31 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аъзоёни маҳфилҳои марказҳои таҳсилоти иловагии вилояти Суғд бо унвони баланди озмун узви ҳақиқии Академияи хурди илмҳо, 68 нафар узви вобастаи Академияи хурди илмҳо, 103 нафар мақоми аввал, 56 нафар макоми дуввум, 61 нафар мақоми сеюм ва 31 нафар соҳиби ифтихорнома гардиданд. Дастаи вилояти Суғд бо ба даст овардани аксари ҷойҳои ифтихорӣ мақоми аввалро соҳиб шуд.

Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии хонандагони синфҳои болоӣ мебошад, ки барои тадбирҳои интихоби касбу ҳунари мактаббачагон ва ҷалби онҳо ба эҷодиёти муташаккилонаи илмию техникӣ, инкишофи маърифат, малакаҳои илмию тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ, фаъолияти таҷрибавии беруназдарсӣ таҳти роҳбарии олимон, устодони мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус, мутахассисони хоҷагии халқ нигаронида шудааст. Фаъолияти Академияи хурди илмҳо дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби марказҳои таҳсилоти иловагӣ ба роҳ монда мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки дар назди 28 муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд беш аз 70 маҳфили Академияи хурди илмҳо амал намуда, ба онҳо беш аз 2 ҳазор хонандагон ҷалб гардиданд. Дар ҳаракати Академияи хурди илмҳо дар вилояти Суғд беш аз 5 ҳазор кӯдакон шомил ҳастанд. Даври шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии озмун ҳамасола бо корбарии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд аз рӯи фанҳои математика, физика, химия, биология, тиб, экология, география, технологияи иттилоотӣ, гидрохимия, рӯзноманигорӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, иқтисодиёт, таърих ва бостоншиносӣ, педагогика, равоншиносӣ, ҳуқуқ баргузор мегардад.

Гуфтанист, ки дар ғолибияти дастаи вилояти Суғд саҳми хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Исфара, Истаравшан, Бӯстон, Панҷакент, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Спитамен, Деваштич, Мастчоҳ, ки аксари ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд, бориз аст.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh