Боздиди аз маҳалли сохтмони бинои нави боғчаи бачагонаи рақами 2-и шаҳри Конибодом

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз маҳалли сохтмони бинои нави боғчаи бачагонаи рақами 2 боздид кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба боғча бинои нави кӯдакистон сохта мешавад.

Фармоишгари иншоот шуъбаи маорифи шаҳр буда, он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ассотсиатсияи падару модарон ва саховатмандону соҳибкорон бунёд хоҳад шуд.

Боғча барои 200 нафар пешбинӣ гардида, тибқи ҳисоботи пешакии масъулин барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 миллион сомонӣ сарф мегардад.

Роҳбари вилоят аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот барои такмили он ва оғози корҳои сохтмонӣ дастур дода, таъкид кард, ки кӯдакистони нав бояд дорои шароити замони муосир гардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh