ҶАВОНОН, МАЪНАВИЁТ ВА ЛОИҲАҲ0И ИҶТИМОӢ

Дар баробари дастгириву мадади сохторҳои давлатӣ фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ низ дар манотиқи гуногуни кишвар то андозае баҳри беҳбуд бахшидан ба зиндагии мардум аз ҳар ҷиҳат манфиатбахш буда, онҳо дар ҳама самт кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки пешрафт дар ҳама соҳот, аз ҷумла маорифу тандурустӣ дар сатҳи баланд қарор гирифта бошад.

Дар ин радиф Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» дар баробари ташкилотҳои дигар баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, алалхусус кӯдакону наврасон аз рӯи лоиҳаҳои гуногун фаъолият намуда, дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши босазо мегузорад. Ташкилоти мазкур ин навбат низ яке аз лоиҳаҳоро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ки пайи амал аст, бо номи «Наврасон – шарикони рушди устувор» бо дастгирии ЮнисефТоҷикистон дар панҷ ноҳияи вилоят (Ашт, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Бобоҷон Ғафуров) муаррифӣ сохта, семинарҳои гуногун гузаронид.

Мақсади асосии лоиҳа бошад, баланд бардоштани иқтидори дониши наврасон, васеъ намудани имкониятҳои онҳо барои иштироки ҳамаҷониба дар ҳаёти ҷомеа аст. Ногуфта намонад, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои болозикр ташкилоти номбурда аз моҳи ноябри соли 2020 дар панҷ ноҳияи вилоят як қатор семинару тренингҳо, омӯзишҳо ва токшоу гузаронида буд. Ёдовар мегардем, ки бахшида ба 31 солагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак, ки ҳамасола моҳи ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар ноҳияҳои номбурда озмунҳои «Акси беҳтарин», «Эссеи беҳтарин», «Видеои беҳтарин» ва «Расми беҳтарин» дар мавзӯи «Таъсири COVID‐19 ба ҳуқуқ ва имкониятҳои кӯдакон» гузаронида шуд, ки он зиёда аз 200 нафар наврасу ҷавони синни аз 12 то 18 соларо фаро гирифт.

Дар озмуни баргузоргардида беҳтарин наврасони болаёқат кашф карда шуда, онҳо бо туҳфаҳои хотирмон сарфарозонида шуда буданд. Муҳим аз ҳама бо гузаронидани чунин озмунҳо баҳри кашфи истеъдодҳои навин замина гузошта мешавад. Инчунин, бо мақсади рушди тафаккури интиқодии наврасон ва тарзи дуруст навиштани эссе барои хонандагони синни аз 14 то 17‐солаи панҷ ноҳия тренинги якрӯза ташкил шуд, ки дар он зиёда аз 128 нафар наврасону ҷавонон иштирок карданд. –Тренинги номбурда ба ман имконият дод, ки дар сатҳи вилоятии олимпиада аз фанни забони тоҷикӣ иштирок намоям ва ҷойи сеюмро сазовор гардам, – гуфт иштирокчӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Саёҳат Дадобоева.

Барои шунидани овози табиии кӯдакон ва фаъол сохтани иштироки наврасон дар ҳаёти ҷомеа тариқи телевизиони вилояти Суғд бо намояндагӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва коршиносон ток‐шоуи «Садои кӯдакон» баргузор гардид, ки дар он наврасон ва ҷавонон аз панҷ ноҳия иштирок карда, масъалаи имкониятҳои ҷавонон дар раванди қабули қарор, муаммоҳо ва мавзуъҳои дигарро баррасӣ карданд. Ҳамчунин, барои пурра ба роҳ мондани модели «Мақомоти маҳаллии дӯстона нисбат ба кӯдакону наврасон» тренинги якрӯза оид ба «Рушди иқтидори наврасон» тариқи интерактивӣ гузаронида шуд, ки дар умум тренинг сад нафар намояндаи ҳокимиятҳои маҳаллии панҷ ноҳияро дар бар гирифт. Чунин тренингҳои якрӯза барои 100 нафар наврас ва ҷавони ин панҷ ноҳияҳои мақсаднок низ гузаронида шуд.

Тренинг барои наврасон тариқи интерактивӣ ба роҳ монда шуда, дар он наврасон оид ба 8 зинаи иштирок маълумот пайдо карданд. Бо мақсади ҷоннок кардани иштирок ва саҳмгузории наврасону ҷавонон дар ҳама самтҳои ҷомеа ва пешгирии муаммоҳои марбут ба онҳо аз тарафи Юнисеф – Тоҷикистон лоиҳаҳои иҷтимоии наврасон дастгирӣ карда мешавад. Лоиҳаҳо тариқи озмун пешниҳод гардида, ҳамагӣ 36 дархост ирсол шуд, ки аз он 15 гурӯҳи ташаббускор интихоб гардиданд. Айни ҳол гурӯҳҳо вобаста ба нақшаи чорабиниҳояшон фаъолияти худро давом дода истодаанд.

Баргузории тренингу лоиҳаҳо аз ҷониби ташкилот хеле зиёд ба роҳ монда шуда, барои вусъат додани иштироки наврасон дар платформаи Созмони хонандагон бо роҳбарони онҳо аз панҷ ноҳия бо иштироки 200 нафар омӯзгор тренинги «Такмили ихтисос оид ба иштироки пурмазмуни наврасон дар платформаи Созмони хонандагон» гузаронида шуд. Дар тренинг ба омӯзгорон роҳҳои фаъолсозии наврасон ва ҷалби онҳо дар саҳмгузорӣ ва ободонию пешрафти ҷомеа фаҳмонида шуд. Баҳри ривоҷи фаъолияти волонтёрӣ бошад, дар шаҳри Исфара барои 40 нафар наврасону ҷавонони синни аз 14 то 18 сола тренинги серӯза бо номи «Рушди волонтёрӣ ва амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ» баргузор гардида, дар мавзӯъҳои «Иштироки пурмазмун дар ҳаёти ҷомеа», «Маҳорати суханварӣ», «Саводи расонаӣ» ва «Омода ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои иҷтимоӣ» маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Гурдофарид» инчунин бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа, аз ҷумла, ҷавонону наврасон, бо пешниҳоди лоиҳаҳои гуногун, аз қабили омӯзонидани забонҳои хориҷӣ, рушди ҳунару ҳунармандӣ фаъолияти мунтазам дошта, барои ҷалби хоҳишмандоне, ки пайи омӯзиш ҳастанд, дастгирии худро дареғ намедорад.

Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh