АНҶОМИ ТАҲСИЛ, ОҒОЗИ АТТЕСТАТСИЯ

Баҳри иҷроиши фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.02.2021, № 225 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020‐2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармоиши Раёсати маорифи вилоят аз 25.02.2021, № 42, ҳамчунин Дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020 – 2021, аттестатсияи аз синф ба синфгузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» имрӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат омодагӣ ба ҷамъбасти соли таҳсили 2020‐2021 ва аттестатсия ҷараён дорад.

Маълум аст, ки машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1‐и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 7‐уми июни соли 2021 ва дар синфҳои 2‐11‐и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 14‐уми июни соли 2021 ба итмом хоҳад расид. Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатми хонандагони синфҳои 2‐11 дар асоси маводи пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар тамоми муассисаҳои таълимии мамлакат аз ҷониби роҳбарони синф ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ҳуҷҷатҳои зарурии хонандагони синфи аттестатсияшаванда омода гардида, барои баргузории аттестатсия тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд.

Ҷадвали гузаронидани аттестатсия бо назардошти забони таълим ва равия як моҳ пеш аз саршавии он тасдиқ ва насб гардидаанд. Сардори шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом Б. Ҷабборӣ омодагии муассисаҳои таълимиро ба аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм чунин иброз дошт: Дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд ба мо, директорони муассисаҳои таълимӣ иҷозат дода шудааст, ки агар зиёда аз се синфи мувозӣ (параллелӣ) дошта бошем, дар асоси қарори Шӯрои педагогӣ вобаста ба имконияти муассисаи таълимӣ муҳлати аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро 3 рӯз тамдид намоем.

Ҳамчунин дастур гирифтем, ки аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4 8 ва 10 (ба истиснои саволномаҳои тестӣ барои хонандагони синфи 10) дар асоси маводи пешниҳоднамудаи раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят, аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар асоси маводи пешниҳодкардаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад. Муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Сайфулло Раҳматов иброз медорад, ки алҳол тамоми муассисаҳои таълимӣ барои гузаронидани аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм ҳамаҷиҳата омода буда, тамоми директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадор шудаанд, ки маводи иловагии аттестатсияи шифоҳии аз синф ба синф гузаронидан ва хатмро, ки омӯзгорони фаннӣ дар асоси барномаҳои таълимӣ тартиб додаанд, як моҳ пеш аз саршавии аттестатсия бо тавсияи иттиҳодияҳои методӣ ва Шӯрои методӣ тасдиқ ва дар ҷои махсус маҳфуз доранд.

Қайд бояд кард, ки барои кӯдакони бемор ва дорои имкониятҳои маҳдуд, ки дар хона таълим мегиранд, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм, тибқи муқаррароти мавҷуда, вобаста ба намуди беморӣ ва дараҷаи дарсазхудкунии онҳо дар мувофиқа бо раёсат ва шуъбаҳои маориф гузаронида мешавад. Ҳамчунин, барои хонандагони бемор ва имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии барои онҳо пешбинишуда таҳсил менамоянд, шароит муҳайё мегардад. Довталабони аттестатсияи аълои универсалӣ ба медали тиллою нуқра дар ҳудуди муассисаи таълимие, ки довталаб дар он таҳсил мекунад, аттестатсия супурда, натиҷаи он барои ташхис ба Раёсати маорифи вилоят дар муҳлатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ натиҷаи аттестатсияро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Рӯйхати пешакии довталабони медали тилло ва нуқра бо нишондоди равия ва забони таълим ба Раёсати маориф пешниҳод гардида, корҳои хаттии довталабон, тибқи талаботи «Низомномаи аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатии махсус» ва «Тартиби бо аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра мукофотонидани хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фиристода мешавад.

Аз натиҷаи ҷамъбасти аттестатсия ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят масъулин бояд то санаи 1‐уми июли соли 2021 маълумот пешниҳод намоянд. Умед бар он дорем, ки аттестатсияи давлатии аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилотӣ шаффоф ҷараён гирифта, довталабон барои супурдани имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ барои дохилшавӣ ба муассисаҳои олии мамлакат омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Шоира КАРИМЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh