САЙҚАЛИ ДОНИШ ВА МАЛАКАИ ЗАБОНДОНӢ

Дар шароити имрӯза яке аз ҳадафҳои муҳими низоми таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ворид шудан ба фазои байналхалқии таҳсилот ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳад. Дар ин самт ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳо ва ниҳодҳои илмию таълимии кишварҳои хориҷ муҳим дониста мешавад. Донишгоҳи мо низ дар самтҳои мухталиф ҳамкориҳои самаранок ва манфиатбахшро бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои дигар ба роҳ мондааст. Аз он ҷумла, соли 2019 донишгоҳи мо ҳамкориро дар доираи Барномаи табодули байналмилалии Эразмус + бо Коллеҷи Минтақаи Ҷанубу Шарқии Ирландияи Шимолӣ (Британияи Кабир) ба роҳ монд.

Дар доираи ҳамкорӣ бо Коллеҷи мазкур ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор М.М.Шарифзода ва ҳамоҳангсози лоиҳа А.Ҷӯраев чунин тасмим гирифтанд, ки бо ҷалби омӯзгори ботаҷрибаи ин муассисаи таълимӣ Деклан Флейнаган курси омӯзишии онлайниро барои омӯзгорони дарсдиҳанда дар гурӯҳҳои академии таҳсилоташон бо забони англисӣ ташкил намоянд.

Албатта, дар шароити имрӯза ба роҳ мондани таҳсилот бо забони англисӣ як қадами хеле муҳим дар самти воридшавӣ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки тадриҷан вазъи таҳсилу омӯзиш дар гурӯҳҳои академии бо забони англисӣ беҳтар гардонида шавад. Аз ин рӯ, ин иқдоми раёсати донишгоҳ аз ҷониби мо – омӯзгорони дарсдиҳанда дар гурӯҳҳои забони англисӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд, зеро дарвоқеъ, ба таҳким бахшидан ва беҳтар намудани савияи дониши хеш дар самти академии забони англисӣ ниёз доштем. Курси онлайнӣ дар ҳаҷми 40 соат гузаронида шуд, ки қариб 3 моҳ идома ёфт. Воқеан, курси онлайнии баргузоршуда барои мо омӯзгорон дорои аҳамияти назаррасе буд. Зикр намудан зарур аст, ки дар доираи курси мазкур мо танҳо ба омӯзиши забони англисии академӣ маҳдуд нагаштем ва мӯҳтавои курси баргузоршуда хеле фарогир буд. Дар доираи курси онлайнӣ ба ду самти муҳим – навиштани академӣ дар забони англисӣ ва усули фаъоли таълим таваҷҷуҳ карда мешуд. Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон на танҳо бо шеваҳои навишти академӣ дар забони англисӣ, балки бо дигар паҳлӯҳои таълиму омӯзиш дар низоми таҳсилоти олӣ шинос гардидем. Зикр намудан зарур аст, ки курси мазкур на танҳо омӯзиши забони англисии академӣ, балки ғолибан курси такмили ихтисоси омӯзгорони таълимдиҳанда бо забони англисӣ буд. Ҳамоҳангсози барнома устод Абдураҳим Ҷӯраев аз аввали шурӯи курси онлайнӣ кӯшиш намуд, ки самти он бештар ба эҳтиёҷоти омӯзгороне, ки фанҳои гуногунро бо забони англисӣ дарс мегӯянд, мувофиқ бошад. Аз ин рӯ, дар ташкили мӯҳтавои курс аз дидгоҳи ниёзҳои омӯзгорон ба паҳлӯҳои мухталифи таълиму омӯзиш дар мактаби олӣ бархӯрд карда шуд.

Хусусан, ба усулҳои педагогӣ ва методикаи таълим таваҷҷуҳи хоса дода мешуд. Дар самти навишти академӣ бо забони англисӣ истифодаи тарҳҳои мухталифи грамматикӣ, дақиқияти навишти матни академӣ, ибораҳо ва иборасозии академӣ, иҷрои машқҳо вобаста ба паҳлӯҳои мухталифи навишти академӣ, ислоҳи матнҳо, калимаву ибораҳои маҷозӣ ва истифодаи онҳо дар навишти академӣ, намунаҳои иқтибосоварӣ, роҳ надодан ба плагиаризм ва дигар мавзӯъҳои муҳим таваҷҷуҳ карда шуд. Дар доираи курси онлайнӣ ҳамчунин усулҳои мухталифи таълим ва масъалаҳои муҳими раванди омӯзиш мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Хусусан, дар доираи курси онлайнӣ ба дидгоҳҳои мубодилавии омӯзиши забон, фалсафаи омӯзиш ва парвариш, тақвияти ангезаи донишҷӯён ба таҳсил, шеваҳои ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши фаъол, мусоидат ба ҳамкории донишҷӯён дар таҳсил, интихоби дурусти маводҳо, усулҳои арзёбӣ, баҳогузорӣ ва додани тавсияҳо ба донишҷӯён, намунаҳои баҳогузорӣ ва арзёбии муосир, шеваҳои пайвандӣ миёни хондан ва навиштан, намунаҳои хуби омӯзгорӣ, усулҳои маърӯза намудан бо истифода аз василаҳои мухталифи омӯзишӣ, ташкили кори гурӯҳӣ, омӯзиши лоиҳавӣ ва масъалавӣ, фикрронии интиқодӣ, таҷрибаи бақайдгирии нуктаҳои муҳокимаронӣ аз ҷониби донишҷӯён ва дигар паҳлӯҳои раванди таълиму омӯзиш таваҷҷуҳи хоса дода шуд.

Дар раванди машғулиятҳо аслҳои омӯзиши самаранок ва муносибати мусоидаткунанда ба таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар умум зикр намудан бамаврид аст, ки паҳлӯҳои мухталифи усулҳои фаъоли таълим ва омӯзиш дар доираи курси онлайнӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки на танҳо дониши забонӣ, балки ҳамчунин малакаи таълимии омӯзгоронро тақвият бахшид. Дар муҳити курси онлайнӣ, ки аз ҷониби омӯзгори соҳибзабон баргузор карда шуд, мо – омӯзгорон бо ҷиҳатҳои муҳими таълим бо забони англисӣ, истифодаи ибораҳои зарурӣ ҳангоми баргузории машғулият, тарзи маърӯза намудан бо ин забон, омода намудани матнҳои академӣ бо забони англисӣ ва дигар малакаҳои муҳими навишти академӣ ва таълим ошно гардидем.

Агарчанде дар рӯзҳои аввали машғулият, бинобар сабабҳои техникӣ ва таҷрибаи кофӣ надоштан дар онлайн‐курсҳо мо ба мушкилоти муайян мувоҷеҳ гардидем, аммо тадриҷан ба муҳити курси онлайнӣ одат кардем. Аз ин рӯ, бо иштирок намудан дар курси мазкур мо бо таҷрибаи баргузории онлайн‐машғулиятҳо низ шинос гардидем. Албатта, ин як таҷрибаи хеле муҳим мебошад, ки ба мо дар оянда имкон медиҳад, дар чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналхалқӣ иштирок ва маърӯза намоем. Таҷрибаи андӯхта аз ин курси онлайнӣ қадами муҳиме барои ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мебошад. Ҷиҳати дигари муҳими ин курси онлайнӣ аз он иборат буд, ки омӯзгор Деклан Флейнаган маводи зиёди таълимиро ба мо пешниҳод намуд, ки барои дар минбаъда такмил бахшидани забони англисии академӣ ва беҳтар намудани усули таълим дар мактаби олӣ зарур мебошанд. Маводи пешниҳодшуда ҳамчунин, барои донишҷӯёни мо, ки дар гурӯҳҳои таҳсилоташ бо забони англисӣ таълим мегиранд, метавонад муфид бошад.

Аз натиҷаҳои курси омӯхташуда мо – омӯзгорон он ҷиҳатро дарк намудем, ки дар муҳити таҳсилоти олӣ роҳи якнавохти таълим ва омӯзиш чандон самаранок нест ва нахоҳад буд. Омӯзиши курси мазкур ба мо имкон дод, ки бори дигар перомуни ҷиҳатҳои мухталифи раванди таълим дар муассисаҳои олӣ биандешем.

Шарофиддин СОЛИЕВ,
муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh