ТАФАККУРИ ИНТИҚОДИРО ДАРК КАРДАНД

Ба вуҷуд омадан ва бунёди як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ассотсиатсияҳо як андоза ба манфиати ҷамъият ва аҳли ҷомеа буда, дар ҳар самт онҳоро дастгирӣ менамояд. Ташкилоти ҷамъиятӣ ва оммавӣ имрӯз вазифаи худ, яъне ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, меҳнатӣ, иштироки фаъолона дар самти беҳбуд бахшидан ба ҳаёти ҷомеа, саломатии инсон ва аъзои оилаи ӯ ва ба ин монанд амалҳоро вобаста ба самти фаъолияташ иҷро менамояд.

Тавре хабар дода будем, Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон (АЗИТ) аз моҳи сентябри соли 2020 бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон лоиҳаи “Омӯзиш ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷомеаҳо - роҳ ба сӯи сулҳофарӣ ва субот”-ро пеш бурда истодааст, ки то 14-уми сентябри 2021 дар минтақаҳои мақсаднок: Исфара (ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркӯҳ), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (Ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъача), Истаравшан (ҷамоатҳои деҳоти Гули Сурх ва Савристон) давом меёбад.

Давраи ниҳоии тренингҳо дар доираи буҷети лоиҳаи мазкур охири соли гузашта дар мавзӯи “Тафаккури интиқодӣ” дар ҳар се минтақаи мақсаднок бомуваффақият гузаронида шуданд. Тренери варзида Малика Боймурадова тренингҳои якрӯзаро оид ба ин мавзӯъ дар Истаравшан бо иштироки 23 нафар, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки 22 нафар, дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара бо иштироки 21 нафар иштирокчӣ гузаронид.

Тренингҳо барои фароҳам овардани шароит оид ба ташаккули малакаҳои тафаккури ҷавонон ва аз худ кардани усулҳои рушди тафаккури интиқодии онҳо мусоидат намуданд. Дар рафти тренинг назарияҳо, озмоишҳо, бозиҳо, машқҳо, таҳлили вазъият, азхудкунӣ ва коркарди малакаҳои мушаххас истифода бурда шуданд. Тренинг ба ташаккули маҳорати сохтани модели вазъият ва асоснокии қарорҳои қабулшуда мусоидат кард, то ки иштирокчиён на танҳо маълумоти заруриро гирифта тавонанд, инчунин онро аз нуқтаи назарҳои гуногун баррасӣ намоянд, дарк кунанд ва истифода баранд. Унсури интиқодӣ имкон медиҳад, ки ба ҳалли масъалаҳои мураккаб кӯшиши бештар равона шавад.

Мақсади асосии тренинги мазкур инкишоф додани малакаҳо, гирифтани маълумот аз манбаъҳои гуногун, ташаккули малакаҳои тафаккури интиқодӣ, баҳодиҳии тафаккури интиқодӣ буд, ки иштирокчиён ба он ноил шуданд, инчунин истифодабарии асбобҳои тафаккури интиқодиро ҳангоми таҳлили иттилоот омӯхтанд. Давоми баргузории тренинг пурсиши иштирокчиён гузаронида шуд, ки натиҷаҳои онҳо гуфтаҳои болоро тасдиқ мекунанд. Масалан, пеш аз оғози машғулиятҳо ба саволи “Тафаккури интиқодӣ чист?” дар Истаравшан ҳамаи 23 иштирокчӣ “намедонам” ҷавоб доданд, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 19 иштирокчӣ “намедонам”, 3 иштирокчӣ нодуруст, 3 нафар нопурра ҷавоб доданд, дар Исфара 20 иштирокчӣ “намедонам”, 1 нафар ҷавоби нопурра доданд.

Баъди тренинг ба ин савол дар Истаравшан 16 нафар дуруст, 6 нафар нодуруст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 19 нафар дуруст, 4 нафар нопурра, дар Исфара 18 нафар дуруст, 3 нафар нодуруст ҷавоб доданд. Ё ба саволи “Воситаҳои тафаккури интиқодиро номбар кунед” дар Истаравшан 18 нафар “намедонам”, 5 нафар нодуруст, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 нафар “намедонам”, 4 нафар нодуруст, дар Исфара 16 нафар нодуруст, 4 нафар нопурра ҷавоб доданд. Баъди анҷоми тренинг натиҷаҳо чунин буданд: Истаравшан - 18 дуруст, 4 нодуруст, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 18 дуруст, 4 нопурра, Исфара - 19 дуруст, 2 нопурра. Тавре мебинем, баъди анҷоми тренинг аксарияти мутлақ моҳияти тафаккури интиқодиро дуруст дарк кардаанд. Боиси хурсандист, ки иштирокчиён ин ва дигар тренингҳои дар доираи лоиҳа баргузоргардидаро самарбахш ва саривақтӣ меҳисобанд ва қаноатмандии худро изҳор мекунанд.

Аз ҷумла, иштирокчӣ аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара Н.Муҳиддинов мегӯяд, ки масъалаҳои дар тренингҳо бардошта, хеле муҳим буда, тасаввуроти ӯро дар бораи табиати низоъҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо тамоман тағйир доданд. Ӯ зикр кард, ки бисёр муноқишаҳо бо ҳамсояҳои қирғиз доштанд, ки оқибатҳои нохуш меоварданд. “Баъди иштирок дар машғулиятҳо ман дарк кардам, ки ҳар гуна низоъро бо роҳи гуфтушунид ё миёнаравӣ ҳал кардан мумкин аст”.

Иштирокчӣ аз Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара З.Сангинова чунин изҳори назар кард: “Ман борҳо дар бораи таҳаммулпазирӣ шунида будам, аммо дар ин масъала тасаввуроти аниқ надоштам. Дар тренингҳо дар ин бора маълумоти хеле зиёд гирифтам, ки акнун онҳоро ба дигарон ҳам мерасонам”. Баргузории чунин тренингҳо як андоза ба ҳалли масъалаҳои муҳими байни ҷомеа, махсусан ҷавонон ва ҷиҳати ба амал баровардани мақсади ягонаи мусбат кӯмак мерасонад.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

 

Add comment


Security code
Refresh