БЕҲТАРИН ОМӮЗГОР ВА МУРАББИИ ВИЛОЯТ

- Дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 66 нафар довталаб аз вилояти Суғд ширкат варзида, 18 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла Шоҳҷоиза, 6 ҷойи аввал, 7 ҷойи дуюм ва 4 ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Шоистаи зикр аст, ки аксари ғолибон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзгорон мебошанд, - иброз дошт дар нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар даври муқаддамотии озмуни «Камолхонӣ» ба ифтихори ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ 5 ҳазор нафар ширкат варзида, 44 нафар ғолиб бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд. Боиси хушнудист, ки шаш сол инҷониб дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» намояндагони вилоят ба дарёфти мақомҳои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

Дар ин радиф соли 2020 Дилором Ҷалилова – омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии давлатии махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дарёфти ҷои дуюм ва мураббияи муассисаи таълимии томактабии рақами 8-уми ҳамин ноҳия Таҳмина Ҳоҷибоева сазовори унвони баланди «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардида, шарафи маорифчиёнро боло бардоштанд. Д

ар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Спитамен, Ашт ва Мастчоҳ муассисаҳои нави таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз 228 бинои муассисаи таъмирталаби ба қайд гирифташуда, айни ҳол 199 бинои муассисаи таълимӣ аз таъмир бароварда шуда, дар 26 муассиса корҳои таъмир идома доранд. Суолу ҷавоби рӯзноманигорон бо масъулин доир ба масъалаҳои мухталифи соҳа анҷомбахши нишасти матҳуотӣ гардид.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh