Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи банду басти маҳсулоти ширии ҶДММ «Нури Сафар» дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ба Ҷамоати деҳоти Оббурдон ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи банду басти маҳсулоти ширии ҶДММ «Нури Сафар» шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкор Нур Бердиев бо харҷи зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ бунёд гардида, моҳи сентябри соли 2017 ба истифода дода шудааст. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари роҳбарияти корхона имрӯзҳо теъдоди ҷойҳои корӣ то ба 30 адад расонида шуда, сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Бояд гуфт, ки дар ҶДММ «Нури Сафар» творог, сметана, панир, маска ва ҷурғот истеҳсол карда мешавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ ба роҳбарияти корхона дастур дод, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои васеъ намудани доираи фаъолият ва таъмини пурраи бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти ширӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матуботи
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh