Оби ҷонбахш ва яхмоси ҳаловатбор

Фестивали нахустин

Санаи 27 - уми июли соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд фестивал - озмуни вилоятии яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шуда, мақсад аз баргузорӣ ташкили ҷойҳои корӣ аз тарафи соҳибкорон, муаррифӣ намудани маҳсулоти ватанӣ, бори дигар ҷалб кардани диққати истеҳсолкунандагони маҳсулоти ташнашикан ба сифат ва пешниҳоди хизматрасонии баланд дар ин соҳа мебошад.

Хол Ҳайдар муовини якуми Раиси вилоят дар чорабинӣ қайд намуд, ки тахминан 83 фоизи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар вилоят аз тарафи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби зулол» ва истеҳсоли 43 фоизи яхмос дар ҳудуди вилоят ба Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Яхмоси 33» рост меояд. Дар баробари ин соҳибкорони инфиродӣ ва ҷамъиятҳое мавҷуданд, ки барои аз 5 то 10 нафар шахсон ҷои корӣ ташкил намуда, айни ҳол дар ҳамин соҳа фаъолият доранд.

Азизҷон Сатторов, сармутахассиси Идораи хӯроквории вилоят дар суҳбат бо мо қайд намуд, ки дар чорабинӣ 16 истеҳсолкунандаи маҳсулоти нӯшокиҳои ташнашикан ва 5 корхонаи истеҳсоли яхмос аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат доштанд. Маҳсулоти дар фестивал - озмун ба маърази тамошо ва фурӯш гузошташуда аз тарафи ҳакамони озмун аз ҷиҳати ҷавобгӯ будан ба сифат ва бехатарии маҳсулот баҳогузорӣ шуданд.

Фестивал озмун бо натиҷаҳои зерин ҷамъбаст гардид:

- бахши обҳои ташнашикан ҷойи аввал насиби ҶСП «Оби зулол» - и шаҳри Истаравшан, ҷойи дуюм ҶСП «Евро - Азия - 2005» - и шаҳри Бӯстон ва ҷойи сеюм ҶДММ «Оби ширин» - и шаҳри Хуҷанд.

- намуди яхмос ҷои аввал ҶСП «Яхмоси 33», ҷои дуюм ҶДММ «Дӯстӣ Амирхон» - и шаҳри Хуҷанд ва ҷойи сеюм насиби соҳибкори инфиродӣ Абдусалом Умаров аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Ғолибони озмун бо дипломҳо ва сипосномаҳои Раиси вилояти Суғд қадрдонӣ шуданд.

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh