Ноҳияи Спитамен: Ғановати буҷет - омили иҷрои тадбирҳо

- Дар ноҳияи Спитамен давоми шаш моҳ аз 10 намуди андозу пардохт 3 намуди андоз, аз ҷумла андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ, андози даромад аз шахсони воқеӣ ва андоз аз арзиши иловашуда иҷро нагардид, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллии ноҳия 1 миллиону 899 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид шудааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим. 

Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани қисми даромади буҷети маҳаллиро раиси ноҳия дар корхонаи андозсупорандаи калон ҶДММ «Аллат», ки фаъолияти худро ба дигар вилояти ҷумҳурӣ гузаронидааст, маънидод кард. Боиси зикр аст, ки дар ноҳия андозсупорандаи калон ҶДММ «Аллат» бо воридоти гази моеъ ва сӯзишворӣ машғул буда, ба буҷети дахлдори ноҳия ва ҷумҳурӣ зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ маблағи андоз пардохт мекард.

Қайд гардид, ки бо вуҷуди ҷо доштани баъзе мушкилот дар самти иҷрои буҷети ноҳия хароҷоти муассисаҳои буҷетӣ оид ба музди меҳнат, пардохтҳои иҷтимоӣ, дигар моддаҳои ҳимояшавандаю тадбирҳои аввалиндараҷаи онҳо мунтазам ва саривақт маблағгузорӣ шудаанд.

Бобати расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ, ки саноатикунонии кишварро дарбар мегирад, раиси ноҳия гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 185 миллиону 294,4 ҳазор сомонӣ, яъне 106,1 фоиз таъмин гардидааст.

Давоми шаш моҳ 131 ҷиноят содир гаштааст, ки нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 9 адад зиёд мебошад. Ҷиноятҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Т.Ӯлҷабоев, Куруш, Истиқлол, Тағояк ва Сарбанд бештар содир шудааст.

Дар давоми шаш моҳ дар ноҳия 144 ҳолати осебрасонии сагони дайду ба аҳолӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин даври соли гузашта 88 ҳолат зиёд мебошад. Дар шаш моҳи соли равон дар ҳудуди ноҳия 1798 сагу гурба ба қайд гирифта, дар ду саг бемории ҳорӣ ошкор гардид. Бобати ин масъала чораандешӣ шуда истодааст, - афзуд раиси ноҳия.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин бобати тадбирҳо оид ба пешгирии экстремизму терроризм, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди иншооти мухталиф, рушди маҳал ва деҳот, маорифу тандурустӣ, пурсишу посух доир гардид.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh