Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ

Фарорасии Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилиро, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамасола санаи 25 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад, ба кулли кормандони соҳа табрику муборакбод мегӯям.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 27 соли Истиқлолият дар ҷумҳурӣ соҳаи нақлиёт низ рушд ёфта, корҳое ба анҷом расонида шуданд, ки орзуи ҳамешагии мардуми Тоҷикистон буд.

Боиси таъкид аст, ки пайгирона вусъат бахшидани ислоҳоти рушди устувори иқтисодӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи шаҳрвандон вазифаи асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб ёфта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ корҳои назаррас роҳандозӣ шуда истодаанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ бунёду таҷдид карда шуданд, ки барои боз ҳам густариш ёфтани хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт мусоидат намуд.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани санаи таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоҳӣ дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд. Бори дигар кулли кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно менамоям.

Add comment


Security code
Refresh