Мулоқоти Раиси вилоят бо ҳайати мушовараи комплекси саноатии Федератсияи Россия

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати мушовараи комплекси саноатии Федератсияи Россияро бо роҳбарии Олег Бочкарев  ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Раиси вилоят изҳор дошт, ки муносибатҳои ҳасанаи ду кишвари дӯст ва шарикони стратегӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба густариш меёбанд. Ба таъкиди Абдураҳмон Қодирӣ вилояти Суғд дорои имконоти зиёд дар самти истеҳсоли маҳсулот буда,  барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ заминаҳои мусоид мавҷуд аст.  Дар ин раванд бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ метавонад  барои ташкили ҷойҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳои тарафайн мусоидат намояд.

Ҳайати меҳмонон аз истиқболи гарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, баён доштанд,  ки Тоҷикистон воқеан ҳам дорои табиати зебову нотакрор ва ашёи хоми саноатӣ мебошад. Зикр гардид, ки  Федератсия Россия барои тавсеи ҳамкориҳо ҷиҳати рушди соҳаи саноат ҳавасманд аст. Ба таъкиди меҳмонон онҳо нақша доранд, ки дар солҳои наздик корхонаҳои гуногуни саноатиро дар вилояти Суғд фаъол гардонанд.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо зикр намуданд, ки  робитаҳои судманд   минбаъд низ идома ёфта, дар  ин замина ташаббусҳои наҷиб амалӣ хоҳанд шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh