Ҳадаф - таҳкими дастовардҳо дар соли ҷашнҳои бузург

11-уми апрели соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷаласа оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони Раиси вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, муовинони онҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оғоз намуда, ба роҳбарону масъулин бобати таҳкими фаъолият ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои бузурги 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва 25 – солагии Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олии мамлакат дастуру супоришҳои амиқ дод.

Сипас, муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашўрӣ оид ба натиҷаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар семоҳаи аввали соли 2017 маърўза намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки дар ин давра рушди бонизоми иқтисодиёти вилоят таъмин гардида, ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоят зиёда аз 2 миллиард сомониро ташкил додааст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ба андозаи 106,2 дарсад иҷро гардида, ба буҷет беш аз 342 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 20,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Танҳо шаҳрҳои Исфараю Истаравшан ва Конибодом нақшаи буҷети давлатиро пурра иҷро карда натавонистаанд, ки бо ин сабаб 7,3 млн. сомонӣ ба буҷет ворид нагардидааст. Вилояти Суғд дар ин давра бо 41 мамлакати дунё, аз ҷумла, 31 давлати хориҷии дур муносибатҳои савдои хориҷиро ба роҳ монда, гардиш ба 454,6 млн. доллари амрикоӣ баробар гардидааст. Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар семоҳаи аввали соли 2017 ба беш аз 2 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 145,1 фоизро ташкил дод. Аз 591 корхонаи саноатӣ 266 адад ё 45 дарсад суръати афзоишро таъмин намуда, 99 корхона ҳаҷми истеҳсолотро кам ва 226 корхона фаъолият набурдаанд. Дар ин давра ҳамзамон 7 корхонаи нав бо 112 ҷойи корӣ ташкил ёфт.

Дар баробари дастоварду пешравиҳо дар фаъолияти соҳаи саноати вилоят як қатор камбудиҳо низ ҷой доранд. Ҳарчанд суръати миёнаи рушди саноати вилоят ба 145,1 фоиз баробар шуда бошад ҳам, баъзе шаҳру ноҳияҳо, дар маҷмўъ, 99 корхона вусъати афзоишро таъмин карда натавонистанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2017 мувофиқи вилоят аз ҷониби муштариён ба маблағи 164,6 млн. сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, аз он 148,3 млн. сомониаш пардохт шуд, ки 90,1 фоизро дарбар мегирад. Баробари ин, нишондиҳандаи мазкур дар Исфара 63,8 фоиз, Ҷаббор Расулов 76,8, Истаравшан 77,2, Конибодом 74,2 ва Мастчоҳ 77,1 фоизро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 67,2 млн. сомонӣ нерўи барқ истифода шуда, 61,3 млн. сомонӣ пардохт гардид, ки 91,2 фоизро ташкил дод.

Кишоварзони вилоят бошанд, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба андозаи 404 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш 105,7 дарсадро ташкил медиҳад. Дар ин давра, ҳамзамон, дар 42 ҳазор гектар кишти баҳорӣ ба роҳ монда шуда, 740 гектар боғу токзори нав бунёд ва 102 километр роҳҳои дохилӣ таъмир карда шудаанд. Барои соҳаи маориф дар семоҳа 165,3 млн. сомонӣ ҷудо гардида, соли равон сохтмон ва таъмиру азнавсозии 45 иншоот ба нақша гирифта шуда, фарогирии кўдакон ба муассисаҳои томактабӣ якҷоя бо марказҳои инкишофи кўдакон 19,6 дарсадро ташкил дод. Барои соҳаи тандурустии вилоят бошад, дар ин давра 78 млн. сомонӣ ҷудо гардида, соли равон сохтмони 14 маркази саломатӣ ва таъмири 46 иншооти дигари соҳа пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, дар ҷаласа зикр гардид, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 1713 адад ҷиноятҳои содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки 7 адад нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 кам мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар семоҳаи аввали соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 1188 адад мактубу арзу шикоятҳои шаҳрвандон ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35 адад кам мебошад. Аз ҷониби Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳар ҳафта рўзи шанбе қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 509 нафар шаҳрванд бо 377 муроҷиат пазируфта шуданд.

Дар ҷаласа Раиси вилоят раисони як қатор шаҳру навоҳӣ ва масъулини соҳаҳои гуногунро вобаста ба натиҷаҳои фаъолияташон дар ин давра мавриди пурсиш қарор дод.

Мушкили асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ин таъмин накардани нақшаи андоз аст, ки ба сифати нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр таъсири манфӣ расонидааст. Суръати рушди саноати шаҳр ба 104 фоиз баробар шуда, пардохти ҳаққи барқ аз ҷониби аҳолӣ ҳамагӣ 72,6 дарсадро ташкил медиҳад. Камбудиҳои дигари мақомоти иҷроияи шаҳр, ҳамзамон, дар самти кишту парвариши картошка, ташкили гармхонаҳо, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон эҳсос карда мешавад. Раиси шаҳри Исфара Дилшод Ҷабборӣ муваззаф гардид, ки бобати ислоҳи ин камбудиҳо чораҳои саривақтӣ андешад.

Дар шаҳри Панҷакент бошад, дуруст ба роҳ намондани ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба назар мерасад. Ба раиси шаҳри Панҷакент Шафеъиён Ислом Зиёзода дастур дода шуд, ки ба таносуби кишти зироатҳо таваҷҷўҳ намуда, ба ҷои гандум, ки ҳосилнокии кам дорад, бобати васеъ намудани майдони кишти картошкаю шолӣ дар минтақа корбарӣ намояд. Ҳамзамон, Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарияти шаҳри Панҷакент бобати зиёд намудани миқдори гармхонаҳо, иҷрои барномаи боғу токпарварӣ, ташкили марказҳои зообайторӣ ва пешгирии таҳсили ғайрирасмии ҷавонони шаҳр дар донишгоҳҳои хориҷа супоришҳо дод.

Ташкили минтақаи саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои хурду миёна аз ҳисоби соҳибкорон, баланд намудани суръати рушди соҳаи саноат, вусъати кишти пунбадона ва таъмири роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Ашт барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт, пардохти қарзи соҳаи обрасонӣ, саривақт анҷом додани кишти баҳории зироатҳо ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз мушкилоте ҳастанд, ки бояд ҳалли хешро пайдо намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон, масъулини соҳаи обрасониро ҷиҳати саривақт омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини заминҳои мавзеи Сексарии шаҳри Истаравшан ва минтақаи Меҳрободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби полезӣ вазифадор намуд. Раёсати кишоварзиро зарур аст, ки ҷиҳати тезонидани суръати кишти пахта ва дигар зироатҳо тадбир андешад ва маъракаи кишти пунбадона то 20-уми апрел бояд ба анҷом расонида шавад.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, инчунин, ба масъулини мақомоти андоз ҷиҳати ҷамъоварии саривақтиву босифати андозҳои давлатӣ, ба идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии ҳашароти зараррасон, аз ҷумла, малах ва ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳои истеҳсолиашон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Бояд гуфт, ки дар мавсими имсола бо дастури Раиси вилоят хоҷагидороне, ки ба кишту парвариши помидор машғул мешаванд, бо заҳрдоруҳо ройгон таъмин карда хоҳанд шуд.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон, роҳбарияти мақомотҳои маҳаллии шаҳру навоҳиро вазифадор намуд, ки ҷиҳати ташкили минтақаҳои нави саноатӣ, пешгирии пайдоиши қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ, ташкили гармхонаҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, мусоидат ба соҳибкорон барои сохтмони мактабу кўдакистонҳои хусусӣ, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ ва вусъати бунёди боғ ва манзилҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар мавзеи Сайҳун тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Дар фарҷом Абдураҳмон Қодирӣ ба роҳбарону масъулин ва фаъолони вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дода, аз ҷумла, таъкид намуд, ки фаъолияти самарабахшро дар ҳамаи соҳаҳо густариш бахшида, ҷиҳати амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саъю талош варзида, ҷашнҳои бузурги миллиро бо дастоварду комёбиҳои шоиста истиқбол намоянд.

Хабарнигори
 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh