164 корхона бо 3172 ҷойи нави корӣ

Мавқеи вилоят ҳамчун минтақаи агросаноатии ҷумҳурӣ мустаҳкам гардид

Соҳаи саноат яке аз ҷузъҳои таркибии иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб рафта, дар он потенсиали калони истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хўрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуд аст.

-Мақсади асосии рушди саноати вилоят ин ташаккул ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва сатҳи техникии истеҳсолот, таъмини истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи замон ҷавобгў бо истифодаи технологияи пешқадам барои бозори дохилӣ, васеъ намудани номгўи маҳсулот барои бозори беруна мебошад, -изҳор дошт зимни сўҳбат мудири шўъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода. Ҷоизи зикр аст, ки саноат яке аз қисматҳои асосии иқтисодиёти вилоят буда, аз оғози соли равон то моҳи декабр дар натиҷаи ҳамкории ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва саноатчиён баҳри таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат бобати ба кор андохтани таҷҳизоти нави рақобатноку воридотивазкунанда, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, рушди содирот ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардид.

Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 787,6 миллион сомонӣ афзудааст. Агар дар 11 моҳи соли 2013-ум суръати рушди саноати вилоят ба 111,1 фисад баробар шуда бошад, он гоҳ нишондиҳандаи мазкур дар соли ҷорӣ ба 130,2 фисад ва бо назардошти индекси нархҳо ба 129,6 фисад расид, ки қариб се маротиба зиёд аст.

Дар ин давра дар миқёси вилоят 32,8 миллион дона хишти сохтмонӣ, 1,5 миллион метри мураббаъ қолин ва маснуоти қолинӣ, 611,1 ҳазор тонна ангиштсанг, 299,5 ҳазор метр қубурҳои полиэтиленӣ, 66,4 ҳазор тонна орд, 54,1 ҳазор тонна семент ва дигар маҳсулот истеҳсол карда шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ, агар дар миқёси ҷумҳурӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ бо назардошти индекси нархҳо 5 фоизро ташкил карда бошад, он гоҳ нишондиҳандаҳои вилоят нисбат ба нишондиҳандаҳои ҷумҳурӣ 24,6 ченаки фоиз зиёд аст.

Зиёда аз он, тибқи маълумоти дастрасшуда, вилоят аз рўйи суръати рушди саноат дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи аввалро ишғол менамояд. Ва ин имкон дод, ки ҳиссаи саноати вилоят дар ташаккулёбии маҷмўи маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ ба 37 фисад баробар гардад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз зиёд аст. Дар натиҷа мавқеи вилоят ҳамчун минтақаи агросаноатии ҷумҳурӣ мустаҳкам карда шуд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ин давра шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Бобоҷон Fафуров, Fончӣ, Қайроққум, Шаҳристон ва Чкалов дар заминаи нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ тавонистанд, саҳми худро дар ташаккулёбии ҳаҷми маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намоянд. Мутаассифона, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Зафаробод рушди саноатро таъмин карда натавониста, дар иҷроиши нақша ба ақибмонӣ роҳ доданд.

Чун дар мавриди шумораи корхонаву коргоҳҳои нав пурсон шудем, Озифхон Шарифзода изҳор дошт, ки аз оғози соли равон ба истифода додани 155 корхонаву коргоҳҳои нав ва бо ин беш аз 5000 ҷойи нави корӣ дар назар дошта шуда буд. Дар натиҷаи амалишавии тадбироти мушаххас дар 11 моҳи соли равон дар миқёси вилоят 164 корхонаи нави хурду бузург бо 3172 ҷойи кори нав ба фаъ-олият шурўъ намуд, ки 9 коргоҳ зиёд буда, дар ин самт корҳо идома доранд. Бино ба гуфти номбурда, корхонаҳои таъсисдодашуда асосан корхонаҳои соҳаи саноати масолеҳи сохтмонӣ, хўрокворӣ, маъданҳои кўҳӣ, сабук ва саноати сўзишвориро дарбар мегиранд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки давоми 11 моҳ дар қаламрави вилоят ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ сармоягузории асосӣ амалӣ гардид, ки аз он 550,1 миллион сомонӣ дар соҳаи саноат мебошад.

Озифхон Шарифзода инчунин зикр намуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, дар давоми ду соли охир ба вилоят ба маблағи умумии 118,1 миллон доллар (қариб 650 миллион сомонӣ) таҷҳизоту технология ворид карда шуда, аз он ба маблағи 41 миллион доллар (наздик 220 миллион сомонӣ) таҷҳизоти нави технологияи имтиёздор буда, ба маблағи 45,5 миллион сомонӣ аз пардохтҳои гумрукӣ озод карда шудаанд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ, агар соли 2013-ум музди маоши миёнаи кормандони соҳаи саноат 891 сомонӣ бошад, алҳол ин нишондиҳанда ба 1036 сомонӣ баробар гардидааст, ки 145 сомонӣ зиёд аст.

Мавсуф дар бобати нақшаҳои ояндаи соҳаи  мақомоти иҷроия ҳарф зада, иброз дошт, ки соли 2015-ум низ 170 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ сохта, ба истифода додан дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, боз ҳам баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва муҳайё намудани шароити хуби корӣ зери назорати доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh