Содирот ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт
- Details
- Published on Monday, 20 January 2025 10:52
Содирот аз омилҳои муҳими пешрафти соҳаи иқтисодиёт, алалхусус саноат ва кишоварзӣ буда, нақши он дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум назаррас аст. Рушди содирот ба бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, васеъ намудани номгӯи молу маҳсулоти ниёзи мардум ва таъмини устувории иқтисодиёт мусоидат менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ, ҳамзамон, бо ин васила, мусоидат намудан ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ба масъулон дастуру супоришҳо медиҳанд.
Ин таъкидҳо ва дастурҳои Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат менамоянд. Инчунин, имкон медиҳанд, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардад.
Убайдулло Оқилзода- мудири бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар вилояти Суғд гуфт, ки соли 2024 аз вилоят ба маблағи беш аз 1 миллиарду 34 миллион доллари ИМА молу маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 278,2 миллион доллар зиёд аст.
Таркиби маҳсулоти содиршуда нишон медиҳад, ки дар ин давра қисми назарраси содирот аз маҳсулоти саноатӣ ташаккул ёфта, ҳиссаи он 96,1 фоизро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки 3,9 фоизи содиротро маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ташкил намуда, маҳсулоти асосии соҳа хушкмева ва пиёз мебошанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таносуби гардиши савдои хориҷии вилоят нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар шуда, саҳми содирот афзуда истодааст.
Соли 2023 воридоти молу маҳсулот аз содироти он 2,7 маротиба зиёд буда, моҳҳои январ-декабри соли 2024 фарқият то ба 2,2 коҳиш ёфтааст.
Омўзишҳо собит менамоянд, ки нишондиҳандаҳои баланд аз ҳисоби содироти маъдану консентрат, сурмаву мис, хушкмева ва дигар маҳсулот ба миён омадаанд.
Солҳои охир содироти консентрат ва маъдан ба яке аз маҳсулоти асосии содиротии вилоят табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, дар корхонаҳои соҳаи вилоят 1 миллиону 220 ҳазор тонна семент истеҳсол гардида, 246,7 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар содир гардид.
Инчунин, тавассути Раёсати гумруки вилоят ба хориҷи кишвар 183374 тонна ангишт содирот карда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм 83318 тонна зиёд аст.
Боиси қайд аст, ки бо фаровон омадани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зардолу барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил ва содироти он бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида равзанаи ягонаи шабонарўзии амалиёти содиротӣ, назорат ва барасмиятдарории маҳсулоти содиршаванда ташкил карда шуд. Ин имкон дод, ки содироти бемайлони маҳсулот амалӣ гардад.
Дар корхонаҳои консервабарорӣ, коркард ва банду басти меваи хушки вилоят зиёда аз 10,1 ҳазор тонна меваи хушк коркард ва 48,6 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 2216 тонна ва 12,3 миллион қуттии шартӣ зиёд аст.
Ҳамзамон, аз вилоят 123850 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 92333 тонна хушкмева ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6132 тонна зиёд мебошад.
Содироти консерва бошад, ба 1835 тонна баробар гардида, афзоиш дар қиёс ба соли 2023-юм 211 тоннаро ташкил медиҳад.
Айни замон, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен ҳашт нуқтаи азими логистикии қабул, коркард ва содироти пиёз мавҷуд буда, иқтидори қабули яквақтаинаи онҳо зиёда аз 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳамасола, қисми бештари пиёзи барвақтӣ ба ин марказҳо интиқол ёфта, аз ҷониби занону бонувони маҳаллӣ сарчин ва бандубаст мегарданд, сипас ба давлатҳои Қазоқистону Россия содирот мешаванд.
Тибқи маълумоти фаврии Раёсати минтақавии гумрук дар вилоят, 17515 тонна пиёз содирот шудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра миқдори рекордии обҳои ташнашикан, паранда ва тухми он содир гардиданд. Соли 2023 агар танҳо 24,9 миллион литр обҳо, 530 ҳазор сар паранда ва 778 ҳазор дона тухм содир шуда бошад, соли 2024-ум 32,9 миллион литр об, 1083 ҳазор сар паранда ва 21,1 миллион дона тухм содирот гардид, ки мутаносибан 1,3, 2 ва 27,2 маротиба зиёд аст.
Ҳамзамон, аз вилоят ба хориҷи кишвар 1831 тонна чарм, 1196 тонна либосворӣ, 2391,9 тонна ангур, 4118,6 тонна зардолу, 1053,2 тонна гелос, 1299,1 тонна чормағзи заминӣ ва ғайра содирот гардиданд.
Ҷоиз ба таъкид аст, ки фарогирии содироти маҳсулот аз вилоят мунтазам афзуда, ҳамасола зиёда аз 100 намуд маҳсулот содирот мегардад. Ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ аз вилоят ба 36 давлат маҳсулот содирот шудааст.
Баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» тадбирҳои судманд андешида шуданд.
Чунончӣ, бо мақсади дастгирии ҳуқуқии соҳибкорони ватанӣ ва содироти бештари маҳсулот ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои Иттиҳоди Аврупо корхонаву ширкат ва субъектҳои хоҷагидор метавонанд дар низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (системаи REX) ройгон ба қайд гирифта шаванд ва содироти маҳсулотро бо назардошти сабукиву имтиёзҳо амалӣ намоянд.
Давоми соли 2024 аз вилоят, панҷ ширкат, аз ҷумла намояндагии ҶДММ «Фарзина» дар шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Оро Исфара» ва ҶДММ «Исфарафуд»-и шаҳри Исфара, ҶДММ «Канд» ва ҶДММ «Неру Канд»-и шаҳри Конибодом дар низоми болозикр ба қайд гирифта шуда, теъдоди онҳо ба 23 адад баробар гардид.
Боиси қайд аст, ки қабл аз бақайдгирӣ бо роҳбарону масъулини ширкатҳо суҳбату вохўриҳо гузаронида, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешаванд. Ин имкон дод, ки ба кишварҳои Чехия, Олмон, Полша, Австрия, Литва ва Италия соли 2024-ум 766 тонна маҳсулоти кишоварзӣ (хушкмева, мағзи донак ва ангур) содирот гардад.
Инчунин, давоми соли 2024 нахустин маротиба ба қитъаи Африқо, аз ҷумла давлати Африқои Ҷанубӣ 80 тонна хушкмеваи маҳаллӣ аз ҷониби ширкатҳои «Баракат Исфара» ва «Исфарафуд»-и шаҳри Исфара содирот гардид.
-Таваҷҷуҳи пайваста ва тадбирандешиҳои Ҳукумати кишвар ба он мусоидат намуданд, ки корхонаҳои бузург давра ба давра ба фаъолият пардозанд. Ин аст, ки дар муддати кӯтоҳ кишвари мо тавассути дастгирии ҳамаҷониба аз давлати воридкунанда ба содиркунандаи маҳсулоти гуногун табдил ёфт. Имрӯз мо метавонем бо роҳи рушди тамоми соҳаҳои саноат бозори кишварро бо моли ватанӣ таъмин ва ба хориҷи мамлакат содирот намоем,-иброз дошт Убайдулло Оқилзода.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»