Таъминоти истеъмолкунандагон бо маҳсулоти полиграфӣ дар кадом сатҳ?!
- Details
- Published on Tuesday, 27 February 2024 11:33
Таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти саноатӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ яке аз ҳадафҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки сол то сол шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, истеҳсолот низ рушд меёбад. Ҳоло дар вилоят теъдоди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда рӯ ба афзоиш ниҳода, дар баробари ин ҷойҳои нави корӣ низ таъсис ёфта истодаанд. Дар ин замина имконияти коҳиш додани воридот ва ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот зиёд мегардад.
Дар соҳаи саноат 1101 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 37 корхона хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд. Дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 – юм 789 корхона нисбат ба моҳҳои январ – декабри соли 2022 сатҳи истеҳсолиро баланд бардошта, 189 адад ё 17,2 фоиз корхонаҳо сатҳи истеҳсолиро паст намуданд. Айни замон миқдори корхонаҳои бо сифр ҳисобот пешниҳоднамуда 123 ададро ташкил медиҳад. Дар корхонаҳои саноатии вилоят аз 244 намуди муҳимтарини маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда дар давоми соли 2023 истеҳсоли 180 номгӯй афзуда, 59 номгӯй кам шудааст ва 5 номгӯй истеҳсол нагардидааст.
Соҳибкорону саноатчиёни вилоят кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро бештар ба роҳ монда, аҳолиро бо маҳсулоти баландсифат таъмин созанд. Боиси зикр аст, ки дар корхонаҳои саноатии вилоят баҳри расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, барқарор кардани иқтидорҳои бозистода, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку воридотивазкунанда як силсила тадбирҳои судманд андешида истодаанд.
Корхонаҳо асосан дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё, масолеҳи бинокорӣ, маъдан ва хўрокворӣ таъсис дода шуда, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд. Дар ин ҷода дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ низ ба таври зарурӣ ҷараён дорад. Алҳол дар вилоят ду корхонаи саноатии истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ “Асри Азим” дар шаҳри Конибодом фаъолият бурда истодаанд.
Корхонаи коркарди коғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии ҶДММ “Папирус” дар соли 2023 ба фаъолият оғоз кард. Фаъолияти корхонаи мазкур асосан ба коркарди коғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом равона шудааст. Иқтидори шабонарӯзии корхона 150 – 200 ҳазор дафтари гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140 – 150 тонна ашёи хом коркард мешавад. Дар давоми соли 2023 корхонаи мазкур 97980,51 ҳазор дона дафтар истеҳсол кардааст.
Ҳамчунин, корхонаи саноатии ҶДММ “Асри Азим” истеҳсоли маҳсулоти палиграфиро ба роҳ мондааст. Бино ба гуфти роҳбари корхона Ҳусейнбой Қаҳҳоров корхона соли 1932 ҳамчун корхонаи матбааи шаҳри Конибодом таъсис ёфта буд. Соли 2012 корхона ба худ номи ҶСК “Наби Фахрӣ” – ро гирифт. Худи ҳамон сол барои истеҳсоли маводи полиграфии баландсифат дастгоҳҳои муосир аз хориҷи кишвар ворид карда шудааст. Дар корхона китоб, рӯзнома, бланкаю брошура ва дигар маводи полигарфӣ истеҳсол мегардид. Аз соли 2022 корхона номи худро ба ҶДММ “Асри Азим” иваз кард. Масъулини корхона тасмим гирифтанд, ки истеҳсоли дафтару албомро низ ба роҳ монанд. Дар давоми соли 2023 дар корхонаи мазкур 4090 ҳазор дона дафтар истеҳсол шудааст.
Дар маҷмуъ иқтидори моҳонаи корхона истеҳсоли як миллион дона дафтар буда, дар ҳолати зиёд шудани талабот ва фармоиш корхона имконият дорад муассисаҳои таълимиро бо маҳсулоти хониш таъмин созад. Тавре, роҳбари корхона таъкид кард ашёи хом ба пуррагӣ аз Федератсияи Россия ворид гардида, дар назар аст, ки солҳои наздик содироти маҳсулот низ ба ин кишвар ба роҳ монда шавад. Ҳоло 17 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ ва маоши хуб таъмин ҳастанд.
Мавҷуд будани ду корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ имконияти ба пуррагӣ таъмин намудани талаботи сокинони вилоят, алалхусус муассисаҳои таълимиву донишгоҳҳои оливу миёна, коллеҷу омӯзишгоҳҳои олии касбӣ – техникиро надоранд. Бино ба маълумоти оморӣ, дар соли таҳсили 2023 – 2024 дар вилоят 952 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 570596 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, 14 муассисаи таълимии типи мактаб – интернат фаъолият доранд, ки 1141 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Баробари ин дар вилоят 10 донишгоҳи олӣ бо фарогирии 46 ҳазору 586 нафар донишҷӯ ва 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фарогирии 20 ҳазору 140 нафар донишҷӯ бо тадрис ва касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои олии касбӣ ва донишгоҳҳои олӣ беш аз 638 ҳазору 463 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ҷуз донишҷӯёну толибилмони муассисаҳои таҳсилотӣ ҳамчунин омӯзгорон низ маҳсулоти полиграфиро васеъ истифода мебаранд. Оё ду корхонаи саноатӣ имконияти ба пуррагӣ таъмин кардани ин миқдор истеъмолкунандагонро бо маҳсулоти палиграфӣ доранд?
Донишҷӯи курси сеюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Макнуна Худоёрова доир ба дастарсӣ ба маҳсулоти хониш гуфт, ки аз оғози соли хониш вобаста ба фанҳои мавҷуда маҳсулоти лозимаро харидорӣ мекунад.
‐ Танҳо дар оғози соли таҳсил беш аз 30 – 40 намуд дафтари калонҳаҷмро аз нуқтаҳои фурӯш харидорӣ мекунам. Баробари ин дар рафти хониш варақи сафед, сиёҳнавис, дафтар барои корҳои амалиро низ бояд истифода барам. Боиси нигаронист, ки нархҳои ин намуд маҳсулот вобаста ба сифат ва давлати воридоткунанда гуногун аст ва барои донишҷӯ чӣ қадар арзон бошад, ҳамон қадар хуб аст.
Нишондиҳандаҳои оморӣ аз он далолат медиҳанд, ки имрӯз шумораи истеъмолкунандагон зиёд буда, талабот рӯз ба рӯз меафзояд, вале миқдори корхонаҳои истеҳсолӣ дар вилоят хеле кам аст. Аз ин лиҳоз, зарурати ворид кардани маҳсулоти полиграфӣ пеш меояд. Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми соли 2023 ин намуди маҳсулот аз хориҷи кишвар ба миқдори 50,6 тонна ба маблағи 329,9 ҳазор доллар ворид шудааст.
Шаҳбону ОЛИМОВА,
“Ҳақиқати Суғд”