Гардиши мол бо давлатҳои хориҷи дур афзудааст
- Details
- Published on Monday, 26 February 2024 08:55
‐Соли сипарӣ ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилоят маблағи 2 миллиарду 795 миллион доллари ИМА‐ ро ташкил дод, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 –ум 391 миллион доллар, яъне 12,3 фоиз кам гардида, воридот 2 миллиарду 38 миллион доллар ва содирот 756,7 миллион долларро ташкил дод. Воридот нисбат ба соли 2022– ум ҳамагӣ ба маблағи беш аз 60 миллион доллар (2,9 фоиз) ва содирот ба маблағи 330 миллион доллар (30,3 фоиз) коҳиш ёфт, – иброз дошт сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, генерал–майори хадамоти гумрук Зафар Маҳмадиев зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон.
Бино ба маълумоти масъулин сабаби коҳишёбии воридот аз ҳисоби кам гардидани баъзе намудҳои молҳо, аз ҷумла воридоти гази моеъ, гандум, бензин, равғани растанӣ, таҷҳизоти саноатӣ, орд ва ғайраҳо мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ интиқоли молҳо ба 56 давлати дунё ба қайд гирифта шуд. Содироти асосии мол ба давлатҳои Хитой–35 фоиз, Қазоқистон–33, Ӯзбекистон–12, Эрон–6, Россия–5 ва Туркия–5 фоиз марбут буда, воридоти мол бошад аз давлатҳои Қазоқистон–29 фоиз, Россия–26, Хитой–14, Ӯзбекистон–8, Кореяи Ҷанубӣ–6 ва Литва–5 фоиз рост меояд.
–Гардиши мол (воридот ва содирот дар ҳамҷоягӣ) соли гузашта бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як миллиарду 713 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2022–ум 20,22 фоиз кам мебошад. Ин нишондод ба давлатҳои хориҷи дур беш аз як милиард доллар буда, нисбат ба соли 2022–ум ба маблағи 43 миллион доллар ё ин ки 4,14 фоиз зиёд гардид, – афзуд роҳбарияти Раёсати мазкур.
Дар бобати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ масъулин изҳор доштанд, ки соли сипарӣ дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ аз ҷониби кормандони Раёсат 1238 ҳолат ошкор гардидааст.
Ҳамчунин бинобар аз санаи 2 октябри соли 2023–ум манъ гардидани воситаҳои нақлиёти тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти рақами 355 аз 2 августи соли 2023 “Дар бораи манъ намудани воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии соли барориашон то соли 2013 ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар анбори нигаҳдории муваққатӣ 1821 адад ингуна нақлиёт нигоҳ дошта шудааст.
Оид ба сиёсати сохтори кадрии Раёсат ҳарф зада, масъулин изҳор доштанд, ки соли 2023– ум ёздаҳ нафар корманд аз кор дар мақомоти гумрук озод карда шуданд, ин ҳам бошад–се нафар бо хоҳиши худ, 7 нафар бинобар расидан ба синни ниҳоии нафақавӣ ва як нафар фавт мебошад.
Дар поёни нишаст рӯзноманигорон ба роҳбарият ва масъулини Раёсати мазкур суолҳо дода, посухҳои мутаххас гирифтанд.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”