Бозори дохилӣ аз маҳсулоти пастсифат эмин бошад

Дар толори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғд бо иштироки масъулин ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Сардори “Тоҷикстандарт” дар вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолияти марказ дар давоми соли 2023 маълумот дод. Қайд гардид, ки мутахассисони шуъбаи ба меъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ дар 341 субъекти хоҷагидор корҳои санҷишӣ гузаронида, дар 47 корхона қонунвайронкуниро ошкор намуда, ба маблағи 75751 сомонӣ ҷарима бастанд.

Мутахассисони шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак бошад, дар 207 корхонаи шакли моликияташон гуногун ва соҳибкорони инфиродӣ 127541 воситаи ченакро аз назорати давлатӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25850 адад зиёд мебошад.

Бо мақсади ҳимояи бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок мутахассисони шуъбаи нозироти савдо номгӯи гуногуни маҳсулоти пастсифат ва хатарнокро ошкор намуданд. Аз ҷумла, зиёда аз 1971 килограмм маҳсулоти қаннодӣ, 130 килограмм намаки ошӣ, 3000 килограмм маҳсулоти ордӣ, 1200 килограмм шакар, 288 килограмм маҳсулоти ширӣ, 708 литр моеи хунуккунанда, зиёда аз 253 ҳазор литр маҳсулоти нафтӣ, 364 литр нўшокии ташнашикан, 4716 литр машруботи спиртӣ, 410 фурўзонаки каммасраф, 2273 бозичаи кўдакона, 3190 килограмм хурмо 5227 килограмм маҳсулоти сохтмонӣ, 39 ҳазор метр ноқил ва дигар намуди маҳсулоти пастсифат, муҳлати истеъмолиашон гузашта ва бе сертификат ошкор карда шуд, ки маблағи умумии онҳо 15 миллиону 298 ҳазору 368 сомонӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби кормандони озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрок ва кишоварзӣ дар соли 2023 ба миқдори 11790 намуна маҳсулоти хӯрокворӣ, орди гандум, равғани растанӣ, маҳсулоти макаронӣ ва қаннодӣ, гӯштӣ ва ширӣ, чой, қаҳва, тухми мурғ, консерваҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, машруботи спиртӣ, меваи хушк, ғалладонагиҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар номгӯи маҳсулот аз ташхис гузаронида шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулоти ташхисшуда 178 намунаи маҳсулот ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ дониста шуд.

Кормандони бахши тасдиқи мутобиқати системаи идоракунии сифат дар субъекти хоҷагидории ҶДММ «Озода косметика» низоми идоракунии сифатро тибқи талаботи стандарти ИСО 9001‐2015 ва дар ҶДММ «Чўҷаи Байзо» стандарти байналмилалии ИСО 22000 – 2018 системаи идоракунии бехатарии маҳсулоти озуқавориро ҷорӣ намуданд.

Дар охир рўзноманигорон оид ба саволҳои додаашон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh