Таъсиси корхонаҳо ва ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ

Муҳаммад Муҳаммадзода - роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон гуфт, ки маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023-юм ба 352, 9 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 5,8 баробар зиёд мебошад. Ӯ афзуд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодӣ айни ҳол 35 субъект ба қайд гирифта шуда, 22 адади онҳо ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ, хизматрасонӣ ва савдо машғул мебошанд.

Тибқи маълумот, дар соли 2023 аз ҷониби субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба буҷети давлат 6, 1 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 124, 5 фоиз зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки маҳсулоти содиротии субъектҳо дар давраи ҳисоботӣ 134, 7 миллион сомонӣ буда, маҳсулоти истеҳсолӣ на танҳо дар қаламрави кишвар, балки ба кишварҳое аз қабили Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ироқ, Озарбойҷон, Қирғизистон, Русия ва Туркия содирот мешавад.

-Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷойҳои корӣ 910 нафар буд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 111 ҷойи корӣ зиёд мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки дар ояндаи наздик бо таъсиси корхонаҳои нав муҳоҷирони меҳнатиро бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин кунем. Ба ин тартиб, дар кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа мусоидат хоҳем кард, - гуфт Муҳаммад Муҳаммадзода.

Дар нимаи дувуми нишаст рӯзноманигорон оид ба таҳким бахшидани фаъолияти корӣ бо субъектҳо, сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғайра суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.  

Ардашер СУЛТОН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh