Шиносоӣ бо сохтмони ҳавзҳои моҳипарварӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Details
- Published on Wednesday, 29 November 2023 19:25
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соҳаи моҳипарварӣ рушд ёфта, ҳавзҳои нави моҳипарварӣ таъсис дода мешавад.
Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳия омада, бо нақшаҳои созандаи хоҷагии моҳипарварии "Хайри сафо" шинос гардид.
Тавре маълумот дода шуд, ҶДММ "Хайри сафо" дар навбати аввал аз хориҷи мамлакат тухми моҳиро ворид намуда, ният дорад, ки дар рушди моҳипарварӣ саҳм гузорад. Бояд қайд кард, ки ҷамъият навтаъсис буда, метавонад дар як моҳ то 300 ҳазор дона моҳӣ истеҳсол намояд.
Бо амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи ҷамъият ояндаи наздик то ҳазор тонна моҳӣ содирот карда мешавад. Ҷамъият дар нақша дорад, ки минбаъд истеҳсоли моҳиро ба роҳ монад ва бо ин роҳ самти фаъолиятро васеъ ва ҳаҷми истеҳсоли моҳиро зиёд намояд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ҳавзҳои банақшагирифташуда идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин мавзеъи ноҳияи Ҷаббор Расулов моҳи апрели соли равон марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” ба истифода дода шуда буд. Ҳавзҳои моҳипарварӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали ҳавзҳои парвариши гулмоҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 29 июли соли 2021 дар масоҳати 40 садяк замин бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Ба иттилои мавчуда ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд 63 хоҷагии моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст. Хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Ашт, Айнӣ ва дар шаҳрҳои Конибодом, Исфара ва Панҷакент фаъолият мекунанд, ки дар онҳо асосан, моҳии зотҳои “амури сафед”, “пешонапаҳми сафед”, “зағорамоҳӣ”, “гулмоҳӣ” “тосмоҳӣ” ва чанд намуди дигар парвариш карда мешавад. То ба санаи 1-уми ноябр беш аз 684 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185 тонна зиёд мебошад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд