«SILKCOAT» - санъат дар олами рангҳо

Ҳукумати кишвар ва шаҳрвандони мамлакат барои татбиқи амалии чор ҳадафи стратегӣ, ки ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ равона шудаанд, ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Баҳри расидан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корхонаҳои истеҳсолии маҳсулоти воридотивазкунандаву содиротӣ бунёд ёфта, сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардида истодаанд. Ин аст, ки дар давоми даҳ моҳи соли равон дар вилоят 244 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо 2241 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Дар маҷмуъ дар вилоят 1083 корхонаи саноатӣ фаъолият бурда истодаанд.

Дар баробари ин таъсиси корхонаву коргоҳҳои муштарак дар вилоят афзуда, баҳри таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти воридотвазкунанда ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти баландсифат аз ҷониби соҳибкорон хуб арзёбӣ гардида истодааст. Дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли маҳсулоти мухталиф ба назар расида, дар ин ҷода соҳибкорони ватанӣ тавонистанд, дар бозори дохили кишвар истеҳсоли ранги сохтмониро низ ба роҳ монанд.

Алҳол дар қаламрави вилоят ҳашт корхонаи истеҳсоли рангҳои сохтмонӣ фаъолият доранд, аз ҷумла Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Шарафи рӯз”, “Ороиши Умар”, ҶДММ КМТТ “Силкоат Бойя”, “Зафарманд”, “Сарвар”,  “Ҷаҳони нав ММ” ва “Тиглат” мебошанд, ки дар давоми моҳҳои январ – октябри соли равон ба миқдори 982,84 тонна маҳсулоти рангӣ истеҳсол кардаанд, ки суръати афзоиш ба ҳисоби фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159,8 фоизро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд давоми даҳ моҳи соли равон рангҳои сохтмонӣ ба миқдори 19080 тонна содирот шуда, маблағи содиротӣ 19,7 ҳазор долларро ташкил медиҳад. 

Боиси таъкид аст, ки асосан нишондиҳандаҳои истеҳсолии ду корхона, аз ҷумла ҶДММ КМТТ “Силкоат Бойя” ба миқдори 618,85 тонна ва  ҶДММ “Тиглат” ба миқдори 281,3 тонна буда, нисбат ба дигар корхонаҳо истеҳсоли маҳсулот зиёд аст.  

Яке аз коргоҳҳои бонуфузе, ки имрӯз маҳсулоти содиротӣ ва воридотвазкунандаро ба роҳ мондааст корхонаи муштараки тоҷикӣ - туркии ҶДММ КМ ТТ «Силкоат Бойя» мебошад. Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «Силкоат Бойя» дар шаҳри Хуҷанд яке аз коргоҳҳои даврони соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳисобида шуда, баҳри рушди саноат ва баландбардории иқтисодиёти мамлакат нақши муассир дорад.

Боиси тазаккур аст, ки коргоҳи даврони Истиқлол дар доираи баргузории бизнес - форуми соҳибкорони Тоҷикистону Туркия, ки соли 2009 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ва соли 2010 дар шаҳри Истамбул арзи ҳастӣ пайдо намуд. Ин коргоҳи бонуфуз моҳи майи соли 2011 ҳамчун субъекти МОИ «Суғд» ба ифтихори 20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Ҷамъияти мазкур субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҳисобида мешавад.

- Муассисони ҶДММ КМ ТТ «Силкоат Бойя» - ҶДММ «Фортуна-Ко» (Тоҷикистон) ва «Silkcoat Duvar Kaplamalari Sanayi ve Ticaret Limited Sirketi»(Туркия) бо саҳми 50 – 50 фоиз мебошанд. Мақсади асосии коргоҳи муштарак ин коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ин васила баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти асосии ширкат истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти рангу лок мебошад. Маҳсулоти  истеҳсолшавандаи рангу лок бошад, бо технологияи туркӣ ва бо таҷҳизоти истеҳсоли Олмонӣ  роҳандозӣ шудааст, - гуфт ёрдамчии директори генералии коргоҳи мазкур Марҳабо Раҳимова.  

Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки барои истеҳсоли маҳсулоти корхонаи муштарак солҳои аввали фаъолият 90 фоиз ашёи хом аз хориҷа, аз ҷумла Туркия, Олмон, Ҳиндустон ва Ӯзбекистон ворид мешуд. Ҳадафи асосии ширкат вобаста ба талаботи айём ва дархосту хоҳиши харидорону шарикон гузаштан ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ буд. Аз ин лиҳоз, дар натиҷаи саъю кӯшиши пай дар пайи роҳбарони коргох ва бо ёрии мутахассисони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти ҷустуҷӯӣ аз қабили коркарди сангҳои мармарии ноҳияҳои мухталиф истифода бурда шуд ва аллакай натиҷаи қаноатбахш арзёбӣ гардида истодааст. Айни ҳол, барои истеҳсоли маҳсулот, баъди гузаронидани ташхисҳо дар ташхисгоҳҳои Туркия ашёи хоми ватанӣ истифода шуда истодааст ва вазни қиёсии он 20 фоиз Туркия ва 80 фоиз Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки воридотивазкунанда мебошад.

- Ашёи хоми ватаниро сангҳои мармари сафеди дараи Варзоб (ҶДММ Тоҷик Карб», санги ноҳияи Мастчоҳ (ҶДММ «Ҷобири Собир», Мармари майдакардашудаи (ҶДММ «Азиз-2015»), сатилҳои пластикӣ (ҶДММ «СтарПласт») ва коғазтамғаҳои (ҶДММ «UBTпринт») ташкил медиҳанд. Алҳол, дар корхона зиёда аз 40 номгӯи маҳсулот истеҳсол шуда, ба се гурӯҳ тақсим шудааст: гурӯҳи якум андоваи минералӣ, гурӯҳи дуюм ранги акрилӣ ва гурӯҳи сеюм омехтаи хушки сохтмонӣ мебошад. Воқеан, имрӯз фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону туркӣ  маҳз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳоло дар корхонаи мазкур 35 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин буда, музди миёнаи маоши онҳо 2281 сомониро ташкил медиҳад, - афзуд Марҳабо Раҳимова.

Барои ба меъёрхои байналхалқӣ баробар шудани кори Корхонаи муштарак лоиҳаи гузариш ба стандарти байналхалқии сифат  ISO- 9001:2008 бо ҷалби мутахассисон аз ширкати DQS Quality Systems (Ди Кю Эс Квалити Систем) ба роҳ монда шуда, бо ёрии ин лоиҳа менеҷмент, яъне қисми идоракунандаи ҷамъият кори худро бо мизони муайян пеш бурд ва тарзи корбарӣ дар ҳамаи қисмҳои ташкилии корхона мураттаб карда шудааст. Ба ғайр аз ин, мутахассисони ҷавон барои такмили ихтисос ва омӯзиш ба кишвари Туркия барои омӯзиш сафарбар карда мешаванд. Дар дохили корхона низ оид ба таъсиси навъи дигари маҳсулот семинарҳои ом=зишӣ ва мастер - классҳо мунтазам гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои масъулин, барои бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот аз ширкати Силкоат Дувари Туркия мутахассис – технолог ба кор даъват карда шудааст, ки мутахассисони ҷавони маҳаллӣ низ таҷриба меандӯзанд.

- Маҳсулоти  истеҳсолшуда  дар ташхисгоҳи корхона аз ташхис гузашта, сипас дар ташхисгоҳи Туркия аз назар гузаронида мешавад. Ҳар як намуди нави маҳсулот танҳо баъди он ки аз тарафи маркази стандартизатсия ва метрология гирифтани сертификати мутобиқати мол ба истифода дода мешаванд. Иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 5000 тонна маҳсулот ба маблағи 13 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Боиси таъкид аст, ки корхона аз солҳои аввали фаъолият то ба имрӯз ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Россия маҳсулот содирот намудааст. Дар соли 2022 реҷаи ҳаҷми иҷроиши нақшаи содирот аллакай боз мисли солҳои пештара оғоз шуда, аз тарафи корхона ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба миқдори 20 тонна маҳсулот ба маблағи 14 ҳазору 400 доллари амрикоӣ содирот шудааст, - гуфт мавсуф.

Боиси зикр аст, ки ҷамъият аз соли 2012 то инҷониб дар ҳамаи маъракаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки аз тарафи маркази стандартизатсия ва палатаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол доир мегардад фаъолона иштирок намуда, соҳиби зиёда аз 45 ифтихорномаву сертификат ва диплому сипосномаҳо  гардидааст.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh