Мулоқот бо соҳибкорон ва саноатчиёни вилояти Суғд
- Details
- Published on Monday, 27 March 2023 13:14
Дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода бо соҳибкорон ва саноатчиён баргузор шуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки соҳибкорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишвар ба ҳисоб рафта, ба рушди он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аҳамияти хоса дода мешавад.
Дар ин раванд баҳри дастгирӣ намудани ин соҳаи муҳим як қатор дастгириҳо пешбинӣ карда шуда, дар паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳаи муҳим махсусан қайд карда шуд.
Дар ин замина, масъулони соҳа ва соҳибкорону саноатчиёни вилоят ин иқдоми наҷиби Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудии том истиқбол гирифтанд ва дар натиҷа дар давоми соли 2022 зиёда аз 151 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо 2820 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки имрӯз дар вилояти Суғд зиёда аз 121,1 ҳазор субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла 859 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Соҳибкорони вилоят дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт фаъолият намуда, дар фаъолияти худ технологияҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои информатсионӣ-коммуникатсиониро ба таври васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дар вилоят иқтидорҳои бузурги саноатӣ, теъдоди зиёди соҳибкорони ташаббускор, ҷавон ва навовар, инфрасохтори зарурӣ ва захираҳои фаровон мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми кишвар аз мову Шумо интизориҳои бештар доранд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистони азизи мо, аз ҷумла вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамаи шароитҳои зарурӣ, инфрасохтори мукаммал, захираҳои фаровони табиӣ, потенсиали кадрӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудаанд.
Бо ғамхориҳои Пешвои миллат солҳои охир инфрасохтори бонкии мамлакат торафт рушд ёфта, теъдоди муассисаҳои бонкӣ ва сатҳу сифати хизматрасониҳо беҳтар шуда истодаанд.
Ҳамзамон, бояд зикр кард, ки баҳри ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдошта дар назди Раиси вилоят Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ таъсис дода шудааст. Дар Шӯрои машваратӣ муаммоҳое, ки дар вилоят вуҷуд доранд ва онҳо баҳри рушди соҳибкорӣ монеа эҷод мекунанд, мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли онҳо корбарӣ карда мешавад.
Дар мулоқот ҳамчунин раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода доир ба дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ, ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат ва саҳми соҳибкорон дар амалишавии ин иқдом, мушкилоту дастовардҳо ибрози назар намуд.
Сипас миёни роҳбарияти вилоят, Кумитаи андози назди Ҳукумати мамлакат ва соҳибкорони вилояти Суғд мулоқоти ошкоро сурат гирифта, аз ҷониби соҳибкорон ҷиҳати ҳалли як қатор масъалаҳо ва таъмини рушди иқтисодии кишвар пешниҳодҳо ироа гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд