АФЗОИШИ СОДИРОТ, КОРКАРД ВА ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА

Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор аст, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намояд.

Эмомалӣ РАҲМОН

Яке аз ҳадафҳое, ки Пешвои муаззами миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, таъмин ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Дар ин замина тӯли чанд соли охир бунёд ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба назар мерасад, ки дар онҳо истеҳсол ва коркарди маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва ба содирот равонашуда ба роҳ монда шудааст.

Боис ба қайд аст, ки яке аз самтҳои соҳаи саноат, ки дар пешбурди иқтисодиёти кишвар назаррас аст, ин коркард ва истеҳсоли нахи пахта ба ҳисоб меравад. Азбаски вилояти Суғд яке аз вилояти асосии пахтакор аст, коркарди он ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз ин лиҳоз теъдоди корхонаву коргоҳҳои коркарди пахта зиёд шуда истодааст. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии Ашт ҶДММ ширкати сохтмонии «Рахшона», Зафаробод ҶДММ «Зафаробод Инвест», Мастчоҳ ҶДММ «Музаффар ‐К», Ҷаббор Расулов «Шамсӣ 777», Спитамен ҶДММ «25 – солагии Истиқлолият», Конибодом ҶДММ «Асад», Бобоҷон Ғафуров ҶДММ «Юсуф саркор» ва дигар корхонаву коргоҳҳо пахтаро қабул ва коркарди онро ба роҳ монда, ба содирот низ равона кардаанд.

Бино ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд соли 2022 молу маҳсулот ба маблағи 1,1 миллиард доллар содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2021 – ум 453 миллион доллар зиёд мебошад. Содироти нахи пахта дар соли 2022 ба маблағи 10,1 миллион доллар баробар шудааст.

Ноҳияи Зафаробод яке аз ноҳияҳои пахтакор ба ҳисоб рафта, баробари соҳаи кишоварзӣ дар самти таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба нишондиҳандаҳои зарурӣ ноил гардидааст, ки ҳамасола теъдоди корхонаҳои саноатӣ зиёд шуда истодааст. Тавре мудири шӯъбаи иқтисодиёти ноҳия Суҳроб Султонов иттилоъ дод соли 2022 – ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии ноҳия ба 288 миллиону 406,8 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки фарқият нисбати соли 2021 ум 41 миллиону 408,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиш бошад 116,8 фоизро ташкил медиҳад.

‐Алҳол дар ноҳия 32 корхонаву коргоҳҳои саноатии хурду бузургу миёна мавҷуд ҳастанд, ки аз ин теъдод 8 корхона бинобар мавсимӣ ва надоштани маблағи гардиш муваққатан аз фаъолият бозмонданд. Боиси қайд аст, ки як қатор корхонаву коргоҳҳо бинобар фаъолияти хуб доштан, саҳми худро дар иҷрои нақшаи буҷет гузоштаанд, аз ҷумла ҶДММ “Зафаробод – инвест” истеҳсоли коркарди пахта ва равған”, ҶСК “ДСМ 19” истеҳсоли пахтаву равған, ҶСК “Ҷасур” истеҳсоли гӯшти паранда, ҶСК “Ҷаҳида” истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, аз ҷумла панири ҳолландӣ, ҶДММ “Шири Зафаробод” – коркард ва маҳсулоти ширӣ, ҶДММ “Зафаробод Пласт” истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, ҶСК “Зарнисор” истеҳсоли гӯшти парранда ва ҶДММ “Меҳроби Нуралӣ” истеҳсоли регу сангмайда мебошанд, ‐гуфт Суҳроб Султонов.

 Доир ба содироти маҳсулоти саноатӣ мавсуф қайд кард, ки ҳоло дар ноҳия якчанд корхонаҳои коркарди нахи пахта маҳсулоти худро ба содирот равона кардаанд.

Корхонаи ҶДММ “Зафаробод” дар самти содирот фаъолияти хуб дошта, аллакай харидорони худро дар бозори ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия соли сипарӣ 4 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шудааст. Аз ҷумла, филиали корхонаи ҶСК “ДСМ ‐19” дар шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ коргоҳи истеҳсоли нахи пахта ва равған ба фаъолият шурӯъ кардааст. Коргоҳи хурди ҶДММ “Аниси – З” низ таъсис ёфтааст, ки самти фаъолияти он истеҳсоли нахи пахта мебошад. Дар ин корхона 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуданд.

Аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ М.Тӯрақулов бошад, як коргоҳи мурғпарварӣ бо шаш ҷойи нави корӣ ва аз тарафи боз як соҳибкори инфиродӣ Самандар Холов коргоҳи истеҳсоли хишти сохтмонӣ бо 4 ҷойи нави корӣ таъсис ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Соли 2010 барои таъсиси коргоҳи коркарди пахта бо ном ҶДММ “ДСМ 19” замина гузошта шуд, ки дар натиҷа соли 2018 он фаъолияти худро барои истеҳсолоти доимӣ ба роҳ монд. Коргоҳ фаъолияти худро дар самти истеҳсол ва коркарди пахта ба роҳ мондааст.

‐Корхонаи мазкур мавсимӣ буда, аз моҳи сентябр то моҳи март фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ашёи хом, яъне пахтаро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ қабул мекунем. Пас аз коркарди пахтаи хом аз нахи он чигит истеҳсол мекунем. Таҷҳизоти лозима барои истеҳсоли босифати маҳсулот аз давлатҳои Амрикову Эрон ворид шудааст.

Соли 2022 корхона наздик 9 ҳазор тонна пахта ворид кардааст. Аз ин миқдор 3,5 ҳазор тонна нахи пахта ва 4 ҳазору 630 тонна чигит истеҳсол шудааст, ‐гуфт сармуҳосиби корхона Толибҷон Алиқулов.

Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки соли 2023 дар назар аст, ки дар назди корхона сехи истеҳсоли равғанро ба роҳ монанд. Таҷҳизот ва бинои коргоҳ пурра ба фаъолият омода аст. Дар ҳолати ба фаъолият шуруъ кардани он наздик 15 нафар сокинон бо ҷойи кории доимӣ таъмин мешаванд.

‐Сехи истеҳсоли равғани пахта пурра ба фаъолият омода аст. Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки аз нахи пахта чигит истеҳсол карда, аз он равғани пахтаро коркард кунад. Таҷҳизот барои истеҳсоли равған низ ворид шудааст. Равғани пахта дар зарфҳои ҳаҷмаш 5 литра ҷой дода мешавад. Дар баробари ин дар назди коргоҳ листеҳсоли хуроки чорво, яъне кунҷора низ ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар корхона 50 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин буда, соли равон теъдоди онҳо ба 65 нафар хоҳад расид, ‐гуфт мавсуф.

Доир ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳияи Зафаробод Сӯҳроб Султонов иттилоъ дод, ки соли 2023 дар назар аст, ки боз чор корхонаи саноатӣ таъсис меёбад.

‐Ҳоло аз ҷониби соҳибкорон дар ин самт корҳои мушаххас ба роҳ монда шудааст. Соҳибкори инфиродӣ Ш.Турдиев тасмим гирифтааст корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо 5 ҷойи корӣ таъсис диҳад. Дар назди корхонаи ҶСК “Ҷасур” бошад боз истеҳсоли қуму шағал бо таъсиси 10 ҷойи корӣ ба нақша гирифтаанд. Ҳамчунин коргоҳи ҶДММ “Уразалиев А” тасмим гирифтаанд, ки истеҳсоли хишти сохтмониро бо 15 ҷойи ниви корӣ ба роҳ монад. Дар назар аст, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ А.Рузибоев корхонаи истеҳсоли регу сангмайда бо 8 ҷойи нави корӣ таъсис хоҳад ёфт. Дар маҷмуъ дар ноҳия барои ба таври зарурӣ ба роҳ мондани таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ ва дар ин самт ташкили ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муҳим роҳандозӣ гардида истодааст, ‐гуфт Сӯҳроб Султонов.

Бино ба иттилои шуъбаи саноат ва энергетикаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, алҳол дар қаламрави вилоят 8 корхонаи коркарди нахи пахта, аз ҷумла ҶДММ “Арвис зелал текстайл” (собиқ ҶДММ «Олим текстайл»), ҶДММ «Спитамен текстайл», ҶДММ «Органик Ян», ҶДММ «Нику Хуҷанд», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶСП «Сатн», ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» ва ҶДММ «Суғд текстайл» (собиқ ҶСП «Кабоол – тоҷик текстайл») бо иқтидори лоиҳавии солонаи коркарди 38,5 ҳазор тонна нахи пахта мавҷуд мебошад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh